Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмиддинов Мутеулло

Наҷмиддинов Мутеулло

Наҷмиддинов Мутеулло (таваллуд 12. 9. 1927, деҳаи Варзик, райони Чусти вилояти Намангон), нависандаи советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1959. Аз оилаи мударрис. Солҳои охири чанг дар сохтмопи ГЭС-и Фарҳод кор карда, рохбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1945 муаллим ва ғоибхон буд. Ниверситети Давлатии Тоҷикисто ба номи Владимир Илич Ле­нин (1954) ва Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС-ро дар Москва тамом кард (1965). Ҳодими адабӣ ва мудири шӯъбаи газетаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон»,. мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» ва дертар дар Сарредаксияи илмии ЭСТ кор кард. Аз соли 1979 ҳодими редаксияи газетаи «Тоҷикистони Советӣ».

Муаллифи маҷмӯаи ҳикоя ва очеркҳои «Одамони сарбаланд» (1964), «Ғуломи сарбаланд» (1965), повестҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» (1968), «Ширмоҳ» (1972), маҷмӯи «Қадри замин ба одам» (1974), «Пайраҳаи шинос» маҷмӯаи «Одамон ва соҳилҳо» (1979)«Одамони замини барӯманд» (1982) ва ғайра. Асарҳои Наҷмиддинов дар мавзӯи ҳозиразамон навшита шудаанд. Каҳ­рмонони ӯ аксаран мардуми бунёдкори даврони моанд. Повесту ҳикояхои Наҷмиддинов ба забонҳои халкҳои СССР тарҷума гаридаанд. Асарҳои адибони халқҳои СССР-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз соли 1968 узви ИН СССР. Бо медали «Барои мехнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100- солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ле­нин», бо Грамотаҳои Президиуми Со­вети Олии РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …