Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмӣ Қавӣ Гибятович

Наҷмӣ Қавӣ Гибятович

Наҷмӣ Қавӣ Гибятович (тахаллус; фамилия Н а ч м и д д и н о в; 15. 12. 1901, деҳаи Красный Остров, ҳозира райони Сеченови вилояти Горкий — 24. 3. 1957, Қазон), нависанда ва ҳодими ҷамъиятии советии тотористон Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1918 ихтиёрӣ ба Армияи Сурх рафт. Соли 1922 Мактаби олии Ҳарбии педагогии Москваро хатм намуд. Аввалин район Правленияи ИН РССА Тотористон (то соли 1937). Асарҳояш аз соли 1919 нашр шудаанд.

Фаъолияти адабии Наҷмӣ бо таърихи инкишофи адабиёти советии тотор ва ташаккули методи реализми со­тсиалистӣ дар он зич алоқаманд аст. Дар шеъру ҳикояҳо ва повести «Гулханҳои назди баҳр» (1929) қаҳрамониҳои давраи чанги гражданӣ (1918—20)-ро инъикос намудааст. Повестҳои «Пайраҳаи равшан» ва «Баҳори нахустин» (ҳар ду 1930) дар адабиёти тотор аввалин асарҳои насрии доир ба коллективонии хоҷагии қишлоқ мебошанд. Романи таъ­рихии революционии «Насими баҳорон» (1948, Мукофоти давлатии СССР, 1954), ки дар он муборизаи якҷояи пролетариати тотор ва коргарони рус ба муқобили сохти подшоҳӣ тасвир ёфтааст, хеле маъруф аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …