Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷҷории Самарқандӣ

Наҷҷории Самарқандӣ

Наҷҷории Самарқандӣ Саъдуддин Асъад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 12 форс-тоҷик. Ба дуредгарӣ машғул буд. «Наҷҷорӣ» тахаллус карданаш аз ин ҷост. Наҷҷории Самарқандӣ асосан рубоӣ навиштааст. Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» дар бораи Наҷҷорӣ чунин менависад: «Дуредгаре, ин равони Унсурӣ бар вай дурудгар аст, чун руди латоифро бар сози баён бандад, аз завқи он Уторид ду рӯд аз чашм равон кунад. Агарчи дар майдони баён савор аст ва назми ӯ дар соиди латофат сивор; фааммо аксари назми ӯ рубоиёт аст ва дар он шева шӯҳрате дорад ва дар он фан маҳорате ва он тариқи олист ва аз вай шеър ва қитъа кам ривоят карданд». Бо ҳукми зарурат баъзан Наҷҷории Самарқандӣ  ба мадҳи ҳукуматдорон сухан ронда, ин корро на дар шакли қасида, балки дар жанри рубоӣ адо намудааст.

Адабиёт: Суханварони Сайқвли рӯи замин, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …