Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар (соли таваллуд номаълум — вафот 1222), табиб ва олими форс-тоҷик. 8 асари илмиаш маълум буда, аз онҳо «Ағазият-ул- марзо» («Хӯроки беморон»), ки дар бораи парҳез, навъҳои таом ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо баҳс мекунад ва «Ал-асбоб ва-л-аломот» («Сабабу аломатҳои беморӣ») дар байни табибони Шарқ эътибори ка­лон дошт. Ин китобро асри 18 Муҳаммад Акбар ибни Мирҳоҷӣ ба форсӣ тарчума кардааст. Дар китоби «Усул-ут-тарокиб» («Усулҳои тайёр кардани доруҳои мураккаб») оид ба навъҳои дору (ордак, курс, моеъ, қайовар ва исҳоловар) маълумот до­да шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …