Главная / Маданият ва санъат / Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ (соли таваллуд номаъ­лум—вафот 1266, Ҷурфодқон, Эрон), шоири форс-тоҷик. Дар аксари тазкираҳо («Рӯаи равшан»-и Сабо, «Оташкада»-и Озар, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят) оид ба Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ҳамчун шоири баркамол ва писандида маълумот дода мешавад, вале тарчумаи ҳолаш баён нагардидааст. Давраи ҷавониаш дар Бағдод гузаштааст. Дар ҳамин ҷо ба ҳамлаи урдуҳои Чингиз дучор гардид ва дар қалъае паноҳ бурд. Ҳангоми зиндагиаш дар Ирок ба мадҳи ҳукмронони он кишвар қасидаҳо гуфта­аст. Баъдтар Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ба Исфаҳон омад ва ба хидмати ҳокимони салҷуқӣ даромад. Наҷибуддини Ҷурфоқдонӣ ҳамасри Муҷируддини Байлақонй буда, пас аз Камолуддини Исфаҳонӣ дуюмнн шоири барҷастаи қасидаcapo, яке аз беҳтарин шуарои сабки ироқӣ мебошад. Девони Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ, ки дорои 40000 байт аст, то замони мо маҳфуз мондааст. Инчунин бо номи «Башар ва Ҳинд» маснавие дорад, ки дар Бағдод сурудааст. Бадеиёти касидаҳои Наҷибуддини Ҷурфоқонӣ баланд, забонашон фасеҳу равон аст.

Дар яке аз қасидаҳояш чунин гуф­тааст:

Зи рӯи ин чамани обгун ва даст омад

Ҳазор лолаи серобу наргиси махмур.

Ба расми шӯъбадабозӣ фалак бурун овард,

Зи зери ҳуққаҳои хуршед мӯҳраҳои булӯр…

 

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ

БОҚИИ ХУМДОНАКӢ шоири тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд ёфта, зиндагию эҷод карда­аст. Мувофиқи маълумоти …