Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷиби Фарғонӣ

Наҷиби Фарғонӣ

Наҷиби Фарғонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Нақиби Фарғонӣ аз шоирони маъруфи дарбори Қарахониён будааст. Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон» номи Нақиби Фарғониро дар қатори шоирони бузурги он аср — Амъақи Бухороӣ, Ра­шидии Самаркандӣ, Алии Сипеҳрӣ ва дигар зикр намудааст.

Нақиби Фарғонӣ дар мубоҳисаҳои Сузании Самаркандӣ ва Амъақи Бухороӣ ҳамақидаи Сӯзанӣ будааст. Наҷиби Фарғонӣ бо Сӯзанӣ мушоира ва дӯстӣ дошт. Сузанӣ ба вафоти Наҷиби Фарғонӣ марсияе гуфтааст, ки аз таваҷҷӯҳи ӯ ба ин шоир гувоҳи медиҳад. Вале аз ашъори пуртаровати ин шоири нозукбаён то ба мо намунаҳои каме расидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …