Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наимои Бухороӣ

Наимои Бухороӣ

Наимои Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираву маъхазҳои адабӣ на- омадааст. Дар тазкираи «Музокир- ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ Наимои Бухорои ҳамчун шоири нуқтадон ва дар илми шеър тавонову моҳир ёд шуда­аст. Дар пайравии Абдурраҳмони Мушфиқӣ девоне мураттаб кардааст, вале то ҳол пайдо нест. Малеҳои Самарқандӣ Наимов Бухороиро дар офаридани ҳаҷву мутоиба пас аз Мушфиқӣ дуввумин шахс шуморидааст.

Ад.: М и р з о е в А., Сайидо и его мес­то в история таджикской литературы, Сталинабад, 4954.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …