Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нағзаки растанӣ

Нағзаки растанӣ

Нағзаки растанӣ, шарка, касалии хавфноки меваҷоти донакдор, ки вируси Prunus virus 7 ба вуҷуд меорад. Дар рӯи барг, мева ва донаки растаниҳои касал доғҳои pax- pax ё ҳалқашакли зард ва б бунафши баланд пайдо мешаванд. Ҳангоми касалӣ карантини дохилӣ эълон мекунанд. Нағзаки растанӣ бештар ба олу, зардолу, олуча ва шафтолу осеб мерасонад. Асосан дар Европаи Ғарбӣ паҳн гаштааст. Дар СССР дар Мол­давия, Гурҷистон ва Украина мушоҳида шудааст. Нишонаҳои касалӣ дар баргҳо баъди 3—4 ҳафтаи гул ва дар мева ҳангоми пухтан равшантар зоҳир мегардад. Ангезандаи Нағзаки растанӣ тавассути кӯчатҳои пайвандӣ, бехҷаст, ҳашарот (ширинча) паҳн мешавад. Нағзаки растанӣ ҳосили растаниро 25—50%’ кам мекунад. Меваҷоти осебёфта таъму қимати ғизоии худ­ро гум карда, барои тайёр кардани маҳсулоти саноатӣ ба кор намеояд.

Чораҳои мубориза: манъи аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани кӯчати касал; парвариши навъҳои ба ка­салӣ тобовар, маҳви бехҷастҳои да­рахтони пир, алафҳои бегона ва ҳашароти паҳнкунандаи касалӣ.

Баъзе олимони советӣ (Л. Я. Це­ретели) касалии ғайрисироятии меваҳои ситрусиро ҳам, ки дар натиҷаи дегенерасияи функционалии масомаи пусти растанӣ дар шакли доғҳои қаҳваранг ба вуҷуд меояд, «нағзак» ҳисоб мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …