Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафс

Нафс

Нафс (ар. —ҷон), дар таърихи илм ва фалсафа мафҳумест ба­рои ифодаи ҳаёт ва фаъолияти психикии инсон ва ҳайвону наботот; дар дин, фалсафа ва психологияи идеалистӣ мабдаи ҳаётбахш ва олати маърифат дониста мешавад, ки гӯё новобаста ба тан ва пеш аз он вуҷуд доштааст ва бо хости худо бо ҷисм пайваста аст. То пайдоиши назарияи илмӣ дар бораи хаёт ва фаъ­олияти психикии инсон Нафс объекти муборизаи илм ва дин, равияҳои материалистӣ ва идеалистии фал­сафа буд. Ин мубориза ҳоло ҳам давом дорад, зеро дин ва фалсафаи буржуазӣ ҳанӯз ҳам дар бораи Нафс ақидаҳои гуногунро тарғиб менамоянд.

Тасаввурот дар бораи Нафс замоне ба вуҷуд омадааст, ки одамон дар хусуси фаъолияти психикии худ, моҳияти он ҳанӯз чизе намедонистанд. Дар натиҷаи таъбири нодурусти баъзе ҷиҳатҳои фаъолияти психикӣ ( хоббинӣ, беҳушшавӣ ва ғайра) хулосае ба миён омад, ки психика фаъолия­ти тан набуда, фаъолияти кадом як мабдаест, ки берун аз тан вуҷуд до­рад. Аз ни рӯ, сабаби қатъшавии ҳа­ёт аз тан ҷудо гаштани Нафс дониста мешуд. Баъдтар тасаввуроти анимистии одамони ҷамоаи ибтидоӣ шакли таълимоти диниро гирифта, ба худои ягона, қазову қадар, би- ҳишту дузах ва ғайра эътиқод пайдо мешавад. Наҷоти Нафс ва таъмини осоиши охиратро мақсаду мазмуни ҳаёти инсон донистанд ва як силсила расму оини динӣ (таҳорат, намоз, рӯза, ҳаҷ, калимаи шаҳодат) ба собит сохтани ин таълимот хизмат мекардагӣ шуд. Аз ин рӯ, таъ­лимот дар бораи Нафс маҳаки ҳар як дин аст.

Исботи назариявии мавҷудияти Нафс ва муносибати он ба тан масъалаи муҳимми фалсафаи идеалистист. Дар фалсафаи материалистии даври қадим (Фалес, Анаксимен, Герак­лит) ва атомистика (Демокрит, Эпикур) Нафсро бо унсурҳои моддӣ (об, ҳаво, оташ ва атом) айният дода, монанди тан нашъӣ меҳисобиданд. Афлотун, Арасту ва навафлотуния Нафсро ҷавҳари латифи ғайримустақил дониста, онро ба олами сифлӣ ё моддӣ муқобил гузоштаанд. Масъалаи таносуби Нафсу тан ба масъалаи асосии фалсафаи идеалистии асрҳои миёна табдил ёфт. Файласуфони пешқадами Шарқ — Форобй, Ибни Сино, Берунӣ ва Ибни Рушд ягонагии Нафсу танро исбот карданӣ мешуданд ва бо ҳамин ба таълимоти динию идеалистӣ дар бораи охират муқобил мебаромаданд.

Вале Нафс на фақат мабҳаи ҳаётбахш ва фаъолияти руҳии инсон, балки олоти маърифат, асоси он низ ҳисоб меёфт. Маҳз ин ақида дар процесси инкишофи илм ва фалсафа тадриҷан ба фаҳмиши илмию мате­риалистии рӯҳияи инсон ва шуури он оварда расонд. Дар процесси инкишофи илму истеҳсолот ва умуман маърифати инсон, ақидаҳои ғайриилмӣ дар бораи Нафс бо унсурҳои илмию материалистӣ иваз мешуданд. Аввал Ибни Сино ва баъдтар мутафаккирони асрҳои 17—18 ба ақидае омаданд, ки асоси маърифати Нафсро объектҳои моддии дар узвҳои ҳисс инъикосёбанда ташкил медиҳанд. Узвҳои ҳисс ба воситаи системам муайяни асаб бо майнаи cap ҳамчун маркази пайдоиши эҳсосот — унсури нахустини руҳия пайвастанд. Идрок, тасаввур ва тафаккур низ тавассути ҳамин процесс пайдо мешаванд. Асоси фаъолияти психикии ин­сон ва ҳайвонро Нафс не, балки тан муайян мекунад. Ин ақидаро материалистони асри 18 Д. Дидро, П. Голь­бах, К. А. Гельвеций ва дигар инкишоф додаанд. Л. Фейербах ин ғояро такмил дод ва ягонагии тани инсонро исбот намуд.

Дар давраи ҳозира ақидаҳои идеалистиро оид ба Нафс баъзе ҷараёнҳои фалсафаи буржуазӣ ва равияҳои гуногуни спиритуалистӣ тарафдорӣ мекунанд. Махсусан неотомизм — фалсафаи расмии католисизм дар масъаладои Нафс ва наҷоти он таълимоти «нав ба навро» эҷод намуда, дар ин роҳ аз муаммоҳои ҳанӯз ҳалнашудаи илмӣ истифода мебарад.

Материализме диалектики ва таърихй ба комьёбиҳои табиатшиносӣ ва психологияи илмӣ такья намуда, ҳама гуна ақидаро дар бораи Нафс рад мекунад. Дар олам ба ғайр аз материли мутаҳаррика чизи дигаре вуҷуд надорад. Психика ва шуур сифат ва маҳсули материли олиташ- кил — майнаи cap буда, дар натиҷаи инкишофи дуру дарози табиат ташаккул ёфтааст. Тафаккур ва шуур маҳсули ҷамъиятанд ва фақат дар ҷамъият ҷой доранд. Абадияти шахсӣ вуҷуд надорад, ҳаёт фақат дар ягонагӣ бо марг вуҷуд дорад. «…шу­ур ва тафаккури мо, ҳарчанд фавқулҳиссӣ намоянд ҳам, маҳсули органи моддӣ, ҷисмонӣ, яъне маҳсули майна мебошанд. Материя маҳсули рӯҳ нест, балки худи рӯҳ фақат маҳ­сули олии материя аст» (Маркс Карл ва Энгельс Фридрих, Асарҳои мундариҷаи ҷилди 2, Душанбе, 1965, саҳифаи 406).

Адабиёт: Энгельс Фридрих, Людвиг Фейер­бах ва хотима ёфтани философияи классикии немис, Душанбе, 1958: Энгельс Фридрих, Диалектика природы, Маркс Карл и Эн­гельс Фридрих, Соченеие, том 20; Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока VII—XIV ввеков. Москва. 1961.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …