Маълумоти охирин

Нафосат

Нафосат (ар.  — нафисӣ, нозукӣ), як навъи зебоист;

1) дар табиат асосан дар зоҳири ашьёю ҳодисаҳо падид омада, аз мукаммаливу мутаносибӣ ва шинамиву хушҳа- ракатии онҳо дарак медиҳад. Нафосати асарҳои санъат ва ё маҳсули меҳнати инсонро бо ибораи «назокати яд­ро» ифода мекунанд. Шакли лола, гули хайрӣ, маҷнунбеди лаби об, сарв ё ҳаракати ғизол ва ғайра ифодаи нафисию зебоии табиатанд. Аммо ифодаи ҳақиқии Нафосат дар симои инсон таҷассум ёфта, дар мутаносибии бадан, чобукию озодии ҳаракат, ваҷҳи мулҳам, табассум, хулқу атвор, завқи либоспӯшӣ ва ғайра зоҳир мегардад. Нафосат  бо кибр, худписандию худнамоӣ ноҷоя аст.

2) Дар санъат Нафосат инъикоси образноки ҳама чизи зебои ҳаёт аст (масалан, портретҳо, манзараҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои наққошиву кандакорӣ ва ғайра). Ҳусни баёни ғазалиёти гузаштагону шеърҳои барҷастаи имрӯза намунаи один Нафосат дар назм аст. Романс ё валсҳои дилнишин, бисёр қисматҳои созиву овозии мероси мусиқӣ (мақомҳо) ифо­даи Нафосат дар ин намуди санъат аст. Дар минётурҳои асримиёнагиву муосир, маҳсули санъати ороиши амалӣ, ки хеле оддӣ ва озодона иҷро гардидаанд, Нафосат ба таври аёнӣ зоҳир мешавад. Нафосати ҳақиқиро аз сохта фарқ кардан лозим аст. Нафосати ҳақиқӣ дорои мазмуни иҷтимоӣ ва ғояҳои гуманистист.

3) Дар методологияи илм категорияи хосест, ки ҷиҳати эстетикии мафҳуму қонунҳои нави илмро ифода намуда, як навъ меъёри ҳаққонияти объективии онҳо мебошад. Чунончӣ, дар методология физика принсипи нафосат ном рукни фалсафӣ корбаст мешавад, ки маҳз зебоии мантиқии муодиларо нишонаи ба воқеият айнӣ будани он эълон менамояд. Ба қавли А. Эйнштейн, П. Дирак, М. Гелл-Манн, Салом барин физикони маъруф дар тадқиқу тадқиқи математикии олам ин принсип роҳнамои хос мебошад. Умуман дар илми ҳозиразамон зарураяти ботинан ба ҳам пайвастани се ҷиҳати фаъолияти одамӣ — некӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва зебоӣ ба амал омадааст. Аз ин ҷиҳат идеали илмро ин тавр қаламдод кардан мумкин аст: чизи дақиқӣ бояд ба тариқи хайр ба даст ояд, аслан зебо бошад ва ниҳоят ба кори нек истифода шавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …