Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафаскашӣ

Нафаскашӣ

Нафаскашӣ, нафасгирӣ, процесси мураккаби физиологии аз муҳити беруна оксигенро фуру бурдан ва гази карбонату обро хориҷ кардани ҳайвонот ва растаниҳоро гӯянд. Нафаскашӣ ба оксидшавии моддаҳои органикӣ (равғанҳо, ангиштобҳо ва сафедаҳо), ки дар натиҷаи он энергияи барои организм зарур чудо ме­шавад, асос ёфтааст.

Нафаскашии ҳайвонот ва одам. Организмҳои якҳуҷайрагӣ ва бисьёрҳуҷайрагӣ бо тамоми сатҳи бадани худ нафас мекашанд. Нафаскашии ҳайвонот ва одам аз чунин давраҳо иборат аст:Нафаскашии б е р у н ӣ мубодилаи газҳо байни муҳити берунаю шуш; мубо- дилаи газҳо байпи шуш (альвеолаҳо) ва хун; интнқоли газҳо ба воситаи хун (аз шуш ба бофтаҳо кашонидани оксиген ва аз бофтаҳо ба шуш бурдани гази карбо­нат) ; мубодилаи газҳо б а й н и  хуну бофтаҳо; Нафаскашии дарунӣ (азхудшавии оксиген ва ҳосилшавии гази карбонат дар ҳуҷайраҳо). Интиқоли газҳо ба воситаи хун (яъне функцияи нафасгирии хун) ба қобилияти оксиген ва гази карбонатро пайваст карда кашондани баъзе моддаҳо (асо­сан гемоглобин) вобаста аст. Дар одам, ширхӯрҳо ва паррандаҳо оксигенро ҷаббидани хун ва аз худ хориҷ шудани гази карбонат дар алвеолаҳои (пуфакчаҳои интиҳои шохаҳои тунуки бронхҳо, ки бо тӯри капиллярдо иҳота шудааст) шуш ба амал меояд. Миқдори ҳавоеро, ки дар 1 дақиқа ба шуш дохил мешавад, ҳаҷми дақиқавии нафасгирӣ (ҚДН) меноманд. Ҳаҷми дақиқавии нафасгирии одами калонсол, дар ҳолати ором нишастан ё бистарӣ будан, тақрибан 5— 8 литр мешавад. Ҳангоми Нафаскашии мӯътадил одам ҳар дафъа қариб 500 миллилитр ҳаворо фурӯ бурда, ҳамон қадар ҳаворо берун мебарорад. Дар як дақиқа ода­ми калонсол 14—16 маротиба нафас мегирад. Нафаскашӣ ба кашишхӯрии мушакҳои нафасгирии қафаси сина ва ди­афрагма вобаста буда, дар зери таъсири импулсҳои маркази Нафаскашӣ, ки дар мағзи cap воқеъ аст, ба вуҷуд мео­яд. Фаъолияти маркази Нафаскаширо нимкураҳои калони мағзи cap идора меку- нанд.

Нафаскашии  растаниҳо. Растаниҳо низ чун ҳайвонот ҳангоми Нафаскашӣ оксигенро фурӯ бурда, гази карбонатро хориҷ менамоянд. Нафаскашии растаниҳо процесси ферментативӣ буда, дар он асосан ферментҳои дегидраза (гидрогенро аз субстрат ба оксидазаҳо мегузаронад), оксидаза (гидрогенро ок­сид намуда, об ҳосил мекунад), кар- боксилаза (карбони оксидшуда дар намуди гази карбонати озод ҷудо ме­шавад) иштирок мекунанд. 60—65% энергияе, ки ҳангоми Нафаскашӣ ҷудо меша­вад, барои худи растанӣ сарф шуда, боқимондааш ба сифати энергияи гармӣ берун меравад. Дар баъзе растаниҳои дараҷаи паст ва дараҷаи олӣ гази карбонат аз ҳисоби оксигени дар молекулаи баъзе пайвастҳои органикӣ буда хориҷ мешавад. Чунин процесс туршшавӣ ё Нафаскашии анаэробӣ ном дорад. Нигаред низ. Фо­тосинтез.

Адабиёт: Маршак М. Е., Регуляция ды­хания у человека, Москва, 1961; Физиология человека, Москва, 1986; Рубин В. А., Курс физиологии растений, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …