Маълумоти охирин

Нафақа

Нафақа  (ар. —харҷи ҳаррӯза, хароҷот), дар СССР пулест, ки аз фондҳои ҷамъиятии истеъмолот ба гражданҳо дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва ғайра дода мешавад. Ҳуқуқи гирифтави Нафақро Конституцияи CGCP муқаррар кардааст (моддаи 43). Нафақа инчунин барои хизматҳои бардавом, маҳрум гаштан аз парастори оила, барои меҳнати пештара ва фаъолияти манфиатноки ҷамъиятӣ таъин карда мешавад. Баъди Револютсия Кабири Сотсиалистии Октябр масъалаи аз ҳисоби давлат бо Нафақа таъмин кардани гражданҳо ба миён омад. Давлати Советӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудия- ти худ барои инвалидӣ ва маҳрум гаштан аз сарпарасти оила таъини Нафақаро пешбинӣ намуд.

Соли 1928 дода­ни Нафақаи пиронсолӣ барои коргарони баъзе соҳаҳои саноат, баъдтар барои ҳамаи коргарон, 1937 барои хизматчиён ҷорӣ гардид. Соли 1956 дар бораи зиёд намудани миқдори Нафақа қонун баромад. Мувофиқи ин қонун Нафақа ба коргарон, хизматчиён ва дигар гражданҳое, ки нисбат ба онҳо сугуртаи иҷтимоӣ ҷорӣ мешавад; ба хизматчиёни қатории ҳарбй, сержанту старшина, мичману прапорщикҳои хизматашон тӯлонй, ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва ғайра, ҳамчунин ба гражданҳое, ки дар натичаи иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёти одамон ва тартиботи ҷамъиятӣ инвалид гаштаанд, ба аъзоёни оилаҳои номбурда, ки аз сарпараст маҳрум гаш­таанд ва ғайра дода мешавад.

Пас аз қабули қонун дар бораи Нафақа ва ёрдампулӣ ба аъзоёни колхозҳо (1964) системаи ягонаи таъмини Нафақа ба вуҷуд омад, ки амалан ҳамаи меҳнат- кашон ва оилаҳои онҳоро фаро гирифт. Кафолати таъмини давлатӣ бе ҳеҷ гуна камкунӣ аз маоши меҳнаткашон; аз тарафи давлат додани Нафақа аз ҳисоби фондҳои умумииттифоқӣ; мавҷудияти қоидаи ягонаи нафақадиҳӣ (пирӣ, инвалидӣ, маҳрум гаш­тан аз сарпараст); зарурати синну сол ва талаботи ягонаи стажи корӣ барои таъини Нафақа ва ғайра принсипҳои асосии Нафақаи советиро ташкил медиҳанд. Нафақа мувофиқи таъинот ба гурӯҳҳои зер тақсим мешавад: Нафақаи пиронсолӣ, Нафақаи инвалидӣ, Нафақа барои маҳрум гаштан аз парастори оила, Нафақа барои хизмати шоистаи дарозмуддат, Нафақаи шахсӣ.

Нафақаи пиронсолӣ якумрӣ буда, сарфи назар аз қобилияти корӣ ба коргарону хизматчиён, аъзоёни колхозҳо (ба мардони  60-сола бо стажи на камтар аз 25-сола, ба занони 55-сола бо стажи на камтар аз 20-сола) до­да мешавад. Бо чунин стаж, вале синни 5 сол камтар ба шахсоне, ки дар ҳифзи Ватан ё иҷрои вазифа­ҳои дигари ҳарбӣ инвалид шуданд, дар районҳои шимолии дур мунтазам ва на камтар аз 15 соли календарӣ ё 20 соли календарӣ дар чойҳое, ки шароиташон ба Шимоли дур монанд кор кардаанд, низ дода ме­шавад. Заноне, ки 5 ва аз он зиёд фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд ва на камтар аз 15-сола стажи корӣ доранд, ҳуқуқ доранд, ки аз 50-солагӣ| ба Нафақа бароянд.

Нафақаи пиронсолӣ инчунин ба коргарону хизматчиёне, ки дар корҳон зеризаминӣ, ҷойҳои шароити кориашон зараровар, цехҳои тафсон кор мекунанд (ба мардон аз 50-солагӣ бо стажи на камтар аз 20- сола ба занон аз 45-солагӣ бо стажи на камтар аз 15-сола, рӯихати махсуси шумораи 1); ба коргарону хизматчиёни шароити корашон вазнин  (ба мардон аз 55-солагӣ бо стажи кории на камтар аз 25-сола, ба занон аз 50-солагӣ бо стажи кории на камтар аз 15-сола; рӯйхати махсуси шумораи 2); ба коргарзанони корхонаҳои бофандагӣ (аз синни 50-солагӣ бо стажи на камтар аз 20-солаи корӣ, дар асоси рӯйхати махсус); ба коргарону хизматчиёни нобино (ба мардон аз 50-солагӣ бо стажи на камтар аз 15-солаи кор, ба занон аз 40-солагӣ бо стажи на камтар аз 10- солаи кор); ба коргарону хизматчиёни гирифтори касалии гипофизарияи нанизм — лилипутҳо (ба мардон аз 45-солагӣ бо стажи на камтар аз 20-солаи корӣ, ба занон аз 40-солагӣ бо стажи на камтар аз 15-солаи ко­рӣ) дода мешавад. Нафақаи аъзоёни колхоз набояд аз 28 сӯм, коргарону хизмат­чиён набояд аз 45 сӯм (бо стажи пурраи корӣ) кам бошад. Дараҷаи баландтарини Нафақаи якмоҳа 120 сӯм мебошад. Нафақаи пирӣ дар ҳаҷми пурра дода мешавад.

Нафақаи инвалидӣ ба коргарон, хизматчиёну аъзоёни колхозҳо барои доимӣ ё муддати дароз гум кардани қобилияти меҳнатӣ таъин мегардад. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи маъюбии мехнатӣ ё бемории касбӣ инва­лид гаштаанд, новобаста аз муддати стажи корӣ Нафақа таъин карда меша­вад. Миқдори чунин Нафақа нисбат ба Нафақаи шахсони дар натиҷаи бемории умумӣ инвалидгашта зиёд аст. Ҳангоми таъин кардани Нафақа сабаб, гурӯҳи инвалидӣ, кори ичрокарда ва миқдори музди меҳнати коргарро ба назар мегиранд.

Нафақа барои маҳрум гаштан аз парастори оила, ба аъзоёни оилаи қобили меҳнат набудаи коргар, хизматчӣ ё аъзои колхоз, ки аз ҳисоби парастори оила зиндагӣ ме- карданд ва ҳоло ӯ фавтидааст ё бедарак ғайб задааст, дода мешавад. Дар чунин ҳолат кӯдакон, бародарон, хоҳарон ва наберагони синнашон ба 16 сола (хонанда ба 18-сола) нарасидаи шахси фавтида дар шароити аъзои оилаи ӯ ҳисоб меёбад, ки онҳо падару модари қобили меҳнат надошта бошанд ва падару модар, шавҳару зани синну солашон ба пирӣ расида ё инвалидгашта (аъзоёни оилаи колхозчӣ — инвалиди гурӯҳи 1 ва 2) дошта бошанд.

Нафақа  барои хизмати шоис­таи дарозмуддат ба коркунони соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳайати парвози авиатсияи гражданӣ, баъзе категорияи артистони театр ва дигар коркунони муассисаҳои намоишдиҳӣ, сарфи назар аз синну сол ва ҳолати қобилияти корӣ дода мешавад.

Нафақаи ш а х с ӣ барои шахсоне муайян карда мешавад, ки барои ватан  дар ҳаракати революционӣ, кори давлатӣ, хоҷагию ҷамъиятӣ хизматҳои махсус дошта, дар соҳаи  инкишофи маданият, илму техника хизматҳои бузург кардаанд. Дар ҳолати  фавтидан Нафақа ба аъзоёни оилаи ӯ дода мешавад. Мувофиқи хизмат Нафақаи иттифоқӣ, республикавӣ ва дорои I аҳамияти маҳаллӣ таъин карда мешавад. Барои нафақахӯрони шахсӣ имтиёзҳо (пардохти 50% пули ҷои  истиқомат, истифодаи гармӣ, газ, қувваи электрикӣ, 80% арзон кардани дорувор, протезкунии бепул ва ғайра) мавҷуданд. Нафақа аа тарафи органҳои вазорати таъминоти иҷтимоии  республикаҳои иттифоқӣ таъин карда мешавад.

Нафақа ба ҳайати офицерони Армияи Советӣ ва Флот аз тарафи органҳои  Вазорати мудофиаи СССР зимни ба назар гирифтани унвони ҳарбӣ ва муддати хизмат дар армия дода мешавад. Дар қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР (аз 1 октябр 1979) зикр шудааст, ки истифодаи меҳнати нафақахӯрон дар хоҷагии халқ  адҳамияти калон дорад. Аа ин рӯ барои боз ҳам самаранок истифода бурдани меҳнати нафақахӯрон чораҳо андешида шудааст. Таъини Нафақа зуҳуроти ғамхории беназири Парти­яи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ аст.

Таъини Нафақа барои меҳнаткашони мамлакатҳоп сотсиалистӣ ҳам вуҷуд дорад.

 

 

 

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …