Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Надими Бухороӣ

Надими Бухороӣ

Надими Бухороӣ Мавлоно Баҳруддини Бурундуқ (соли таваллудаш ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Марди хуштабъу ширинкалом ва бо ҳаҷву мутоиботаш дар байни аҳли адаб машҳур будааст. Аз хаҷву истеҳзои ӯ ба қавли Навоӣ («Мақолис-ун-нафоис») ҳама дар ҳарос буданд, аз ин рӯ, ӯро бо эҳтирому тавозӯъ «устод» меномиданд. Ғазалу қасидаҳои зиёде гуфтааст, ки намунаи онҳо дар тазкираву баёзҳо мундариҷа аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …