Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наботот

Наботот

1) н а б о т, ниг. Растанӣ; 2) олами наботот, маҷмӯи фитосенозҳо (маҷмӯи растании қитъаҳои якхелаест, ки байни якдигар ва бо муҳит — ҷангал, дашт, биёбон, марғзор ва ғайра муносибати мураккаби тарафайн доранд)-ро гӯянд, ки Замин ё ноҳияҳои ҷудогонаи онро фаро гирифтааст. Наботот маҳсули таҳаввулот (эволютсия)-и бардавоми олами органики аст. Наботот як ҷузъи муҳимми биосфера буда, ба иқлим, низоми об, хок, релеф ва ғайра вобаоста аст.

Тоҷикистон диёрн куҳсор мебошад. Иқлими он ниҳоят гуногун аст ва ин боиси хеле рангораигии ола­ми наботот гаштааст. Дар водиву кӯҳҳои Тоҷикистон гиёҳ ва буттаву дарахтони бисёр месабзанд. Аз рӯи ҳисоби пешаки дар ҳудуди Помиру Олой тақрибан 6—6,5 ҳазор намуди растанӣ (акад. П. Н. Овчинников) мерӯяд. Ҳамвориҳоро биёбонҳои шибоғзор, дарёбодро туғайзор (туронға, газ, ангад, найу сарнайзор ва ғайра), минтақаи миёнакӯҳро чормаӯз- зор, арчазор, баъзан даштҳо, баландкӯҳро марғзору дашт (дар Помири Шарқи ҳатто биёбон) фаро гирифтаанд. Набототи Тоҷикистонро ба навъҳо (типҳо)-и зерин тақсим мекунанд: Буттаву дарахтзор. Асосан дар ноҳияҳои сернами республика ҷой- гир шудааст. Ҷангалзори паҳнбарг, туғайзор, ҷангалзори резабарг, арчазор (бурсзор), буттазори паҳнбарг (настаранзор ва ғайра) ва ҷангалзори гармсер (шиблак)-ро дар бар мегирад.

Ҷангалзори паҳнбарг аз буттаву дарахтони намӣ ва гармипарвард (алалхусус чормағз, фарк, чинор, тилеҳ, себи кӯҳӣ ва буттаҳои ҳархела таркиб меёбад. Алафзори он бештар аз песак (ҳинои қасдангип), қузиқавша ва ғайра иборат аст. Ҷангалзори паҳнбарг хоси қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз (умуман минтақаи миёнакӯҳи Тоҷикистони Марказӣ, ки дар ин ҷо 1000—1500 мм боришот мешавад) мебошад. Қисми зиёди он дар нишебиҳои чан. қаторкуҳҳои Ҳисор, шим. Дарвоз, инчунин Петри I ҷойгир шудааст. Аз ҷангалзори паҳн- барг мева (чормағз, олуча, ангур, қот, настаран ё хуч, зирк ва ғайра), рас- таниҳои хутабӯю ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш меғундоранд. Буттаву да­рахтон нишебиҳои кӯҳро аз эрозия (обшӯи хок) эмнн медоранд ва мус­таҳкам мекунанд.

Туғайзор дарёбоди ҳамвориҳои гарми республикаро дар бар ме­гирад. Асосан аз буттаву дарахтони туронға, ҷигда, газ ва ғайра иборат аст. Ба туғай гиёҳҳои хушадори қадбаланд (най, сарнай — эриантус, найшакари худрӯй ва ғайра) хосанд. Ту­ғайзор махсусан дар поёноби Вахш (дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Полвоптуғай») намуди табиии худро хуб нигоҳ доштааст.

Ҷангалзори резабарг асо­сан дар дарёбод ва болотар аз ҷангалзори паҳнбарг ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо бештар бед (эронӣ, туронӣ), тӯси туркистони, рим (як навъ сафедор), ангад, буттаҳои газ, юлгун ва ғайра мерӯянд. Дар ҷангалзори резабарг гиёҳҳои маргзории ғеша, навъҳои себарга, юнуҷда, мушунг, нахудакҳо, навъхои ҷорубак, сӯкгиёҳ, хардума ва ғайра фаровонанд. Асо­сан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Бадахшон, Ҳисору Дарвоз, инчунин дар зинаҷойҳои дарёбод (қариб дар аксари ноҳияҳои республика) ҷой гирифтааст. Алафзори ҷангалзори резабаргро дарав мекунанд, инчунин чун чарогоҳ, хеле муҳим аст.

А р ч а з о р аз дарахтони сӯзанбарги удбурс, сиеҳбурс (арчаи туркистонӣ) ва мурудбурс (арчан зарафшонӣ) ба вуҷуд омадааст. Тақрибан нисфи ҷангали Тоҷикистон аз арчазор иборат аст. Дар он буттаҳо (мушол, зирк, табулға, қот, хуч ва ғайра) низ бисёранд. Ба алафзори арчазор бештар гиёҳҳои гандумак, чи- мак, юған хосанд. Арчазор асосан дар нишебиҳои шимолӣ ҳаторкӯҳи Турки- стон, қисман дар Қурама ва Ҳисору Зарафшон ҷой гирифтааст. Дар ҷануби республика арчазор дар қаторкӯҳҳои баланди Боботоғ, Ғозималик, Сарсарак ва Санглох ба назар мерасад. Арчазор чарогоҳи хуб аст. Арча чӯби аълосифат дорад ва меваи он ашёи доруист. Арчазор барои ҳифзи нишебиҳо аз эрозияи хок аҳамияти хеле калон дорад.

Буттазори паҳнбарг (настаранзор ва ғайра) аз буттаҳои нами- парвард иборат аст. Одатан дар минтақаи миёнакӯҳ ва доманаи баландкӯҳ (дар он ҷое, ки дашту маргзоранд) нумӯ меёбад. Бештар дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз (соҳилҳои Обихингоб, Кофарниҳон, Яғноб), ни­шебиҳои шимоли кӯҳи Дарвоз вомехӯрад ва чарогоҳи хуб аст.

Ҷа н галзори гармсер аз буттаву дарахтови пастқади гармсер (талхакбодом, писта, шулаш, чилон, тотум, заранг, қарғанак ва ғайра) таркиб ёфтааст. Алафзори он аз гиёҳҳои эфемерӣ (даври нашъунамояшон кӯтоҳ)—илох, ҷорӯбак, бузгандум, бомас, нахӯдак ва ғайра иборат аст. Асосан пасткӯҳу доманакӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Зарафшон, инчу­нин ҷанубу ғарби Тоҷикистонро дар бар мегирад. Пистазори фарох дар ҷануби республика (қариб 100 ҳазор га) ҷойгир шудааст. Анчиру анорзори табиӣ ва шулашзор ҳоло дар нише­биҳои ғарбӣ ва ҷануби қаторкӯҳи Дарвоз боқӣ мондааст. Ҷангалзори гармсерро чун чарогоҳ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …