Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Набиева Роҳат Абдуваҳҳобовна

Набиева Роҳат Абдуваҳҳобовна

Набиева Роҳат Абдуваҳҳобовна (таваллуд 06.11. 1936, шаҳри Ленинобод), муаррихи советии тоҷик, доктори илми таърих (1975). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1967. Соли 1959 УДТ- ро хатм намуд. Солҳои 1959—1962 аспи­рант, 1962—1966 муаллими калон, 1966—1975 дотсенти кафедраи таърихи СОСР-и УДТ. Аз 1975 мудири кафедраи  таърихи РСС Тоҷикистони УДТ. Тадқиқоти Набиева ба ҳалли масъалаҳои роли Партияи коммунистӣ ва фаъолияти Давлати Советӣ барои озодии занони тоҷик, ҳаёти занон то ва баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, роҳҳои ҷалб намудани онҳо ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ, фаъолияти занони Тоҷинистон дар инкишофи саноат, хоҷагии қишлоқ, револютсияи маданӣ ва сохтмони ҷамъияти комму­нистӣ бахшида шудааст. Набиева  муаллифи асарҳои «Занони Тоҷикистони Советӣ» ‘ (1967), «Ватандӯстии занони Тоҷикистон» (1969) ва ғайра мебошад. Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …