Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Набатай

Набатай

Давлати қадимаи набатайҳо (гуруҳи қабилаҳои араб), ки дар ҳудуди Урдуни ҳозира дар охири асри 3 то мелод то соли 106 мелодӣ вуҷуд дошт. Пойтахташ — шаҳри Петра. Охири асри 3 — ибтидои асри 2 то мелод дар зери тасарруфи Птолемейҳои Mиcp буд. Нахустин шоҳи Набатай— Харитати I (169 то мелод). Набатай дар аҳди Харитати III (87—62 то мелод) Димишқро зери даст кард. Дар охири солҳои 60 то мелод тобеи Рим шуд. Набатайҳо дар юришҳои ҳарбии римиҳо борҳо иштирок кардаанд. Авҷи иқтидори Набабай ба аҳди Харитати IV (9—40 мелодӣ) рост меояд. Соли 106 мелодӣ императори Рим Траяв Набатайро забт карда, дар ҳудуди он музофоти Арабистони.Римро ташкил намуд. Ба санъати Набатай маданияти эллинӣ таъсири ка­лон расондааст. Осори ёдгориҳои меъмории набатайҳо асосан дар шаҳри Петра ва атрофи он ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …