Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ФАРХОР

Ноҳияи ФАРХОР

ФАРХОР, райони маъмурист дар ҷануби вилояти Кӯлоб. Таъсисаш 23 ноябри 1930. Бо Республикаи Демократии Афғонистон (аз ҷануб ва ҷанубу шарқ) ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1183,1 км. Аҳолиаш 67,1 ҳаазор нафар (1986); 7 Совети қишлоқ (Ватан, Ғайрат, Ғалаба, Гулшан, Деҳқонариқ, Комсомол, Фархор) ва птш (Фархор) дорад.

farxor

Фархор дар соҳили рости дарёи Панҷ ва ҳавзаи поёноби дарёҳои Сурхобу Тоҳирсу ҷойгир шудааст. Қисми ғарби районро куҳҳои пасти Тераклитоғ (баландиаш то 1715 м), Қаротоғ (то 1750 м) ва қисми шарқиашро водии дарёи    Сурхобу дашти Уртабӯз фаро гирифтаанд. Сарватҳои зеризаминиаш: варақсангҳои сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ. Иқлими район хушки субтропикист; тобистонаш хеле гарм, зимистонаш мулоим. Х,арорати миёнаи июл 25—30°С, январ то —5°С. Боришоти солона дар водиҳо 200—400 мм, дар кӯҳҳо то 800 мм. Дарёҳои калонаш: Панҷ ва шохоби рости он Сурхоб (Қизилсу); дарёи Тоҳирсу (шохоби рости Сурхоб) тобистон тамоман хушк мешавад. Олами наботот—бодом, писта, дӯлона, олуча, санҷид, шулаш, зирк, настаран ва ғйра ва ҳайвоноташ — ҷирон, ғурм, гург, шағол, рӯбоҳ, гуроз, қашқаддоқ, заргӯш, ҷайра ва ғайра 7 июни 1972 дар ҳудуди район Қӯруқи давлатии Қаротоғ (масоҳати 15 ҳазор га) таъсис ёфт.

Асоси иқтисодиёти Фархор хоҷагии қишлоқ аст. Дар ин ҷо махсусан пахтакорию ғаллакорӣ ва чорводорӣ тараққӣ кардааст. Соли 1986 район 7 колхоз, 4 совхоз ва 3 хоҷагии махсуси чорводорӣ дошт. Замини кишт на боғу токзорҳо 25863 га (аз ҷумла заминҳои обӣ 20786 га), аз ҳамин ҳисоб майдони пахта 14140 (аз ҷумла пахтаи маҳиннах 1322 га), ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка ва ғайра) 8174 га, шолӣ 1353 га, зироати хӯроки чорво 3162 га, сабзавот ва зироати полизӣ 343 га, боғу токзор 88 га аст. Саршумори чорво дар колхозу савхозҳо ва хоҷагиҳои байни хоҷагии район (1986, ба ҳисоби сар): гов 8487, бузу гӯсфанд 45996, аса 1590, хук 2745, мург 39873.

Корхонаҳои саноатиаш:         заводҳои пахта, нон ва комбинати хизмати маишӣ.

Фархор 26 мактаби миёна, 11 мактаби 8-сола, 11 мактаби ибтидоӣ, мактабҳои мусиқи, рассомӣ, спортӣ, 2 интернати наздимактабӣ, филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб, филиали Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе, хонаи пиомерон, 3 хонаи маданият, 28 китобхона, 17 клуб, поликлиника, 7 касалхона, 2 санатория, 5 амбулатория, 19 пункти тиббӣ ва 7 дорухона дорад.

Газетаи райоии «Гулистон» аз январ 1937 ин ҷониб бо номҳои гуногун чоп мошавад.    С. Назарова.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …