Маълумоти охирин

Мӯр

Мӯр, (Ocneria (Porthetria ё Ly- mantria) dispar), кирминаи шапала­ки зараррасони хоҷагии қишлоқ.  Махусусан ба буттаву дарахтон зарари калон ме­расонад. Шапалаки нарина ва модинаи Мӯр бо рангу ҳаҷм ва сохти мӯйлабча аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Паҳноии боли шапалаки модина 9 см (наринааш 5 см), рангаш сафеди тира ё сафеди зардтоб; боли пеш хокистарии бӯртоб, боли ақиб — бӯр. Мӯр қариб дар тамоми Европа, Афри­каи Шимолӣ, арзҳои Осиё, Амрикаи Шимолӣ, ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (Қисми европоӣ, районҳои ҷануб қисми осиёгӣ) паҳн шудааст. Соле як бор меафзояд. Шапалакҳои Мӯр одатан дар июл — август (дар районҳои ҷануб— июн) парвоз мекунанд. Онҳо якбора ҷуфт шуда (бештар дар қисми поёни тана ва шохаҳо ё дар ҷонҳои аз хок боруни решаи дарахтон, инчунин дар санг ва ғайра) тухм мегузоранд. Баъди 20—25 шаборӯз аз тухм кирмина ташаккул меёбад ва зимистонро дар даруни тухмпарда мегузаронад. Мӯр ба бештар аз 300 намуди растанӣ зарар мерасонад. Мӯр барги булут, момроз, дарахтони мева, сафедор, тӯс, зирфун, бедро нағз мехӯрад. Ҳангоми хурӯҷ Мӯр барги дарахтонро пурра хурда, ба растаниҳои алафӣ, ҳатто ба хушадорҳо ва саб­завот мегузарад. Дарахтони аз Мӯр зарардида аз рушд монда, мева намебанданд. Дарахте, ки аз Мӯр бори дуюм зарар дидааст, мехушкад.

Ч о р а ҳ о и мубориза: тухмҳои гузоштаи Мӯрро аз дарахту растаниҳо ҷамъ- карда сӯзондан; ба тухми шапалаки Мӯр пошидани равғанҳои минералӣ, ба танаи дарахтон ҳалқаи ширеши зиддимӯр молидан ва ба растанӣ пошидани инсекти­сидҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …