Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мюллер Август

Мюллер Август

Мюллер (Muller) Август (1848— 1892), шарқшиноси буржуазии немис, професори университетҳои Галле (1874—1982 ва 1889—1992) ва Кенингсберг (1882— 1888). Асари асосии Мюллер «Ислом дар Шарбу Ғарб» (тарҷумаи русиаш «История ислама с основания до но­вейших времен») дар доираи шарқ- шиносону исломшиносон хеле шуҳрат ёфта буд. Дар ин асар доир ба таърихи сиёсию мадании мамлакатҳои исломии асрҳои миёна маълумоти басо ғанӣ гирд оварда шудааст. Вале Мюллер аз сарчашмаҳо ғайрииқтисодӣ истифода намуда, таҳлили таърихи иқтисодии мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёнаро сарфи назар карда, таърихи халқҳоро аз мавқею назари таърихи дини ис­лом таҳлил кардааст. Баъзе ҷиҳатҳои сусти афкори Мюллерро идеологҳои панисламизм истифода менамуданд. Мюллер инчунин «Грамматикаи забони арабӣ» ном китоби Каспариро ба нашр тайёр кардааст.

Ас.: История ислама с основания до новейших времен, т. 1-3. СПБ, 1894—1896.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …