Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ

personМУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Ҷои таваллудаш тумани Косонн Насаф. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 умр ба cap бурда аст. Шоири баркамол ва машҳури замонаш, басо рангинхаёлу хушгуфтор буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ ва баёзи № 321 китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ) Музтар шахси хело хушсӯҳбат ва латифасанҷ буда, аксар бадеҳатан шеър мегуфтааст. Намунае аз мушоираи шоирони замони Музтар— Ҳозиқ, Моҳир, Ансаб ва дигар дар баёзи зикрёфта оварда шудааст. Девони ашъор доштани Музтар маълум нест. Дар тазкираву баёзҳо ашъори парокандан Музтар бисёранд, ки аз онҳо 20 ғазал, 8 мухаммао, 3 рубоӣ ва 4 қитъа — ҳамаги 314 байт ҷамъоварӣ шудааст. Ашъори Музтар аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғоявӣ гуногун буда, дар аксари онҳо мазмунҳои шикоят аз сахтӣ ва нобаробариҳои мухити ти­ра, гардиши каҷи даврон, беадолатиҳои ҳукуматдорон ва хориву зории аҳли санъату хирад ба дараҷаи ба­ланди санъаткорӣ таҷассум ёфтаанд. Дар эҷодиёти Музтар таъсири сабки ҳиндӣ (сабки бедилӣ) ва ҳам услуби шуарои мутақаддимин, аз ҷумла Саъдии Шерозӣ, Хисрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандию Абдурраҳмони Ҷомӣ мушоҳида мешавад.

Адабиёт: К а р и м о в У.. Адабиёти тоҷик «дар нимаи дуввуми асри XVIII ва аввали асри XIX, Душанбе, 1974.       У. Каримов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …