Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЗОРЕЪ

МУЗОРЕЪ

monandiМУЗОРЕЪ (арабӣ — монанд, мушобеҳ), номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Ба ақидаи Халил ибни Аҳмад, ин баҳрро барои он Музореъ гӯянд. ки ба баҳри Ҳазаҷ  монанд аст. Дар аркони ҳар ду баҳр ватад муқаддамтар мебошад. Музореъ рукни махсус надошта, дар натиҷаи омӯзиши рукни асосии баҳри ҳазаҷ мафойлун) ва рукни асосии баҳри рамал (фоилотун) сохта мешавад. Авзони дигари баҳри Музореъ аз рукни мафойлун зиҳофҳои макфуф — мафоӣлу; ахраб — мафъӯлу; маҳзуф – фаӯлун; мақбуз — мафоилун; ахрам — мафъулун; абтар — фаъ ва аз рукни фонлотун зиҳофҳон мак­фуф — фонлоту; мақсур — фоилон; маҳзуф — фоилун; мусаббағ — фоилиён ба вуҷуд меоянд. Шакли солими баҳри Музореъ (мафойлун/фоилотун /мафойлун/фоилотун) маъмул нест. Аз омезиши рукнҳои солиму (мафойлун /фоилотун) зиҳофҳои ахрабу макфуфу маҳзуфу мақсуру мусаббағ ҳафт вазни баҳри Музореъ дар шаклҳои мусамману мусаддас сохта мешаванд. Мисолҳо барои Музореъ:

  1. Музореи мусаммани ахраб:

(           V/—V /           V/—V )

Хохам, ки сер бинам рӯи чу ёсуминаш, Лек офатест чашмаш, метарсам аз

каминаш. (Хисрави Дехлавӣ).

  1. Музореи мусаммани ахраби мусаббағ:

(           V/—V /           V/—V )

Эй лаъли нӯшхандат, коми

шакардаҳонон,

Сирри даҳон-т берун аз фаҳми

нуқтадонон.

(Ҷомӣ).

  1. Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф:

(           V/—V—V/V V/—V—)

Дидор менамоиву парҳез мекунӣ. Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.

(Саъдӣ).

Адабиёт: Бертелс Е. Э., Грамматика персидского языка, Ленинград, 4926; Б а хр о м С и р у с, Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе, 1963; 3 е х нӣ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979;

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …