Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУЗОКИРАИ СУДӢ

МУЗОКИРАИ СУДӢ

muzokirai-sudiМУЗОКИРАИ СУДӢ, қисми мус­тақили мурофиаи судӣ буда, иштирокчиёни он натиҷаи аз тарафи суд тафтишшудаи корро ҷамъбаст намуда, оид ба ҳалли он изҳори ақи­да менамоянд. Дар мурофиаи ҷиноятии советӣ Музокираи судӣ баромади айбдоркунандагоп (нигаред Айбдоркунӣ), даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражда­нӣ ё намояндаи онҳо, ҳимоякунанда, ҳимоякунандаи ҷамъиятӣ ё судшаванда (ба шарте, ки ҳимоячӣ дар маҷлис иштирок накунад) бо ҷабрдида (ё намояндаи ӯ)-ро дар бар мегирад (моддаи 298 КМҶ. РСС Точ-)- Вақти Музокираи судӣ маҳдуд нест, вале раисикунанда ҳақ дорад, ки шахсони аз доираи масъалаҳои Музокираи судӣ берун гап занандаро аз сухан боздорад. Иштирокчиёни Музокираи судӣ баъди баромадҳояшон музокираи иловагӣ карда метавонанд, Дар мурофиаи гражда­нии Музокираи судӣ даъвогар, ҷавобгар, намояндагони онҳо ва шахси сеюм баромад мекунанд. Прокурор дар Музокираи судӣ танҳо ҳамон вақт иштирок мекунад, ки агар оид ба корҳои гражда­нӣ масъаларо бевосята худаш cap карда бошад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …