Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ

МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ

kitob«МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ» тазкира, таълифи Муҳаммадбадеь Малеҳои Самарқандӣ. Дар байни солҳои 1688—92 навишта шудаасг. Дар муқаддимаи баъзе аз нусхаҳои «Музокир-ул-асҳоб» муаллиф қайд кардааст, ки асарро то соли 1700 такмил ва тасҳеҳу таҳрир намудааст. Дар « Музокир-ул-асҳоб » оид ба 203 шоири Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрони Ғарбӣ маълумот дода шудааст. Дар оғози « Музокир-ул-асҳоб » номгӯи шоироне омадааст, ки шарҳи ҳолашон дар асар сабт гардидааст. « Музокир-ул-асҳоб » аз ду қисм (асосӣ ва иловагӣ) иборат аст. Қисми асосӣ шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 166 ва қисми иловагӣ 37 шоирро дар бар мегирад. Тазкираи Малеҳо аз ҷиҳати тарзи маълумотдиҳӣ аз бисёр тазкираву манбаъҳои ада­бӣ фарқ мекунад. Малеҳо аз зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, касбу кор, обрӯ ва эътибори шоирон, муносибатҳои байниякдигарии онон, соҳибдевон будан ё набуданашон ва ғайра то ҳадди имкон пурра ва мукаммал маълумот дода. аз ашъорашон намуна овардааст. Малеҳо, ки худ аз доираи ҳунармандон буд, бештар ба эҷодиёти адибони ин доира диққат додааст. Маълумоти « Музокир-ул-асҳоб» нисбат ба тазкираҳои дигар эътимоднок мебошанд. Муаллиф асосан оид ба он шоироне маълумот додааст, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Инчунин барои чамъоварии санаду маълумот ба якчанд шаҳру кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони Faрбӣ сафар кардааст. Ба ҳамин тариқ, « Музокир-ул-асҳоб» барои омӯхтани ҷараёни адабии асри 17-и Moвapoуннаҳру Хуросон ва давран Сафавиёни Эрон аҳамияти ка­лон дорад. «Музокир-ул-асҳоб» то замони мо дар шакли дастнавис расидааст, ки 8 нусхаи он дар китобхонаҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР мавҷуд аст. Дар китобхонаҳон мамлакатҳои хориҷӣ нусхае аз « Музокир-ул-асҳоб» пайдо нашудааст.

Адабиёт: Мирзоев А., Сайидо и его место в истории таджикской литерату­ры, Сталинабад, 1954; X а м о н   муаллиф, Боз як аҳамияти муҳимми тазкираи Малеҳо, журнали «Садом Шарқ». 1961. 7.       

3. Хасанова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …