Маълумоти охирин

МУЗҚӮЛ

pamirskiye-goriМУЗҚӮЛ, қаторкӯҳест дар Поми­ри Шарқӣ (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон), дар шимоли дарёи Мурғоб. Аз Fарб ба Шарқ ба масофаи 110 километр тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш қуллаи Офисерони советӣ (6233 метр). Асосан аз варақсангҳои метаморфӣ, оҳаксанг ва регсангҳо таркиб ёфтааст. Дар қисмҳои баландтаринаш пиряхҳо мавҷуданд. Нишебиҳояш бештар ростфаромадаи сершах ва серсанганд. Дар доманаи кӯҳҳо набототи сираки биёбонӣ мерӯяд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …