Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЗЕЙШИНОСӢ

МУЗЕЙШИНОСӢ

muzeologiyaМУЗЕЙШИНОСӢ, м у з е о л о г и я, соҳаи илме, ки пайдоиш ва вазифа- ҳои иҷтимоии музейҳо, назария ва методикаи кори онҳоро меомӯзад. Музейшиносӣ соҳаҳои назарияву таърихи кори музейҳо, матншиносии музейҳо, методикаи илмии фаъолияти музейҳоро дар бар мегирад. Музейшиносӣ комплектонидани манбаъҳои ба омӯзиш табиат ва ҷамъият алоқаманд, оид ба ашёҳои музейҳо тартиб додани маълумоти илмӣ, ташкил намудаву ба роҳ мондани экспозисияю намоишҳо ва ғайраро тадқиқ намуда, принсипҳои илмии гирдоварӣ,. баҳисобгирӣ ва нигаҳдории ёдгориҳо, тар- миму аз нав барқарор кардани онҳоро кор карда мебарояд. Музейшиноси советӣ дар асосӣ методологияи марксистӣ- ленинӣ аз усулҳои гуногуни тадқи- қот баҳра мебарад. Музейшиносии советӣ ташкил намудани экспози­сия, бой карданн фондҳо, масъалаҳои методии фаъолияти илмӣ – маърифатии музейҳоро кор кард, аввалин шуда принсипи экспозисияҳои комплексию мавзӯӣ, тадқиқоти ёдгориҳои давраи навтарин ва проблемаҳои комплектонидану ба намоишгузории онро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуд. Дар Тоҷикистон дар Музей муттақидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирй, инчунин як қатор музейҳои дигар корҳои илмию тадқиқотӣ бурда мешаванд. Аз соли 1968 дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР маҷмӯаи «Музейное дело в Союзе Советских Сотсиалистических Республик СССР» нашр мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …