Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕЙҲОИ В. И. ЛЕНИН

МУЗЕЙҲОИ В. И. ЛЕНИН

muzeyhoi-leninМУЗЕЙҲОИ В. И. ЛЕНИН, Музеи м а р к а з и и Владимир  Илич Ленини  Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС (Москва). Съезди 13-уми РКП (б) (1924) дар бораи кушодани Институти Владимир Илич Ленин қарор карда, ба Комитети Марказӣ супорид, ки дар назди институт шуъбаи музей ташкил кунад. Дар рафти ҷамъоварии материал фонди музей низ ташкил карда шуд, ки аҳли оилаи Уляновҳо, Н. К. Крупская, ҳамсафони Ленин дар ин кор саҳми калон гузоштанд. Нахустин эк­спозисия 31 май 1924 дар бинои № 27, кӯчаи Б. Дмитровка (ҳоло кӯчаи Александр Сергеевич Пушкин) гузошта шуд. Экспозисия ба ду қисм: таърихӣ ва мемориалӣ тақсим гардид; то соли 1930 музей 12 толор дошт. Соли 1931 музей ба бинои дигар кӯчид. Соли 1934 дар фондҳои он қарио 9 ҳазор экспонат мавҷуд буд. Соли 1935 Комитети Марказии ВКП(б) ва СКХ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар бораи дар Майдони Революсия ташкил намудани Музей марказии Ленин қарор қабул карданд; 15 май 1936 кушода шуд. То соли 1973 дар фондҳои музей қариб 400 ҳазор экспонат мавчуд буд: дар 34 толор — 15 ҳазор экспонат маҳфуз. Дар байни онҳо нусхаҳои зиёди дастнависҳои Владимир Илич Ленин, нахустин китобу китобчаҳои ӯ, нусхаҳои газетаҳои «Искра» «Пролетарий», «Социал-де­мократ», «Звезда», «Правда», декретҳои нахустини Ҳокимияти Советӣ, қаpopҳои СКХ, ки аз тарафи Владимир Илич Ленин навишта ва имзо карда шудаанд, мавчуданд. Дар экспозисия чизу чораҳои зиёди шахсии Владимир Илич Ленин, суратҳои беназир, асарҳои санъат — тасвирӣ, меъморӣ, рассомӣ, ки образи барҷастаи Владимир Илич Ленинро таҷассум мекунанд, тӯҳфаҳои хотиравии халқи советӣ ба Владимир Илич Ленин, инчунин бисёр материалҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ алоқаманданд, маҳфузанд. Бисёр экспонатҳо ба музей ҳамчун тӯҳфа аз мамлакатҳои сотсиалист, партияҳои коммунистию коргарии мамлакатҳои ка­питалист ва тараққикунанда фи- ристода шудаанд. Ҳуччатҳо ва материалҳо фаъолияти Владимир Илич Ленинро оид ба таҳияи назарияи револютсионӣ, барпо кардани партияи марксистии типи нав инъикос намуда, ӯро ҳамчун назариётчӣ ва стратеги бу- зургтарин, доҳии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр ва ҳаракати байналхадқии коммунистӣ) коргарӣ, ташкилотчӣ ва роҳбари нахустин дар ҷаҳон давлати коргару деҳқон нишон медиҳанд. Экспонатҳои якчанд толорҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр халқи советӣ бо роҳбарии  Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва халқҳои мамлакатҳои лагери сотсиалистӣ бо роҳбарии партияҳои марксист- ленинии худ васиятҳои Владимир Илич Ле- нинро ба ҳаёт гузаронда истодаанд, дар онҳо фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС барои муттаҳидии ҳаракати ҷаҳонии ком­мунист дар замони ҳозира, инъикос ёфтаанд. Барои тамошобинон

дар бораи ҳаёт ва фаъолияти револютсионии  Владимир  Илич Ленин, инчунин оид ба проблемаҳои таърихию партиявии замони ҳозира лексияҳо хонда мешаванд. Ба экспозисия ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин, 60-солагии таш­килёбии Иттифоқи Республикаҳои Совети Сотсиалистӣ СССР, 70-солагип Съезди 2- уми РСДРП. 65-солагии Револютсия Кабири  Сотсиалистии Октябр бисёр материалҳои нав дохил карда шуданд. Солҳои 1924—73 музейро эиёда аз 40 миллион наф., аз ҷумла намояндагони 102 мамлакати хориҷӣ тамошо карданд. Музей дар бобати аз рӯи маъхазҳои аввалин омӯхтани тарҷумаи ҳоли Владимир Илич Ленин ва таърихи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС ба­заи назариявӣ ба шумор меравад; дар он лексияҳо хонда, барои пропагандистони фаъоли партиявии шаҳру вилояти Москва семинару хонишҳои ленинӣ ташкил карда ме­шаванд. Музей- дар Ленинград(1937), Ульяновск (1941), Киев(1938), Лвов (1950), Боку (1955), Тбилиси (1938), Тошкент (1970) фи­лиалҳои худро дорад ва 26 хона-музейҳои ёдгорӣ (мемориалӣ) мавҷуданд, ки дар он ҷо Владимир Илич Ленин кор ва зиндагӣ кардааст. Музейҳои Ле­нин дар Прага ва Братислава (Республикаи Сосетии ЧехоСлавакия), Варшава, Краков, Поронипо (Республикаи Халқии Полша), Лейпсиг (Республикаи Демркратии Германия), Улан- Батор (Республикаи Халқии Монголия), Темпер (Финляндия) ва Париж (Франсия) мавчуданд. Музеи марказии Ленин ва филиалҳои он дар такмилу пурра кардани экспозисияҳои музейҳои ленинӣ дар хориҷа кӯмак мерасонанд, ба ҳамдигар ахбороти илмӣ, материалҳо медиҳанд ва виставкаҳои сайёр ташкил менамоянд. Музеи марказии Ленин бо ордени Ленин (1974) мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …