Маълумоти охирин

МУЗЕЙҲО

muzeyhoМУЗЕЙҲО (аз юнонӣ museion — қас­ри музаҳо), муассисаҳои илмӣ ва маърифатие, ки кори гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маънавиро ба роҳ мемонанд. Шаклҳои асосии фаъолияти илмию ташвиқотӣ ва тарбиявии Музейҳо— экспозисия ва намоиш (выставка) мебошад. Аз рӯи таъинот ва вазифаи ҷамъиятӣ Музейҳо ба навъҳои зерин: тадқиқоти и л м и и маърифатӣ (аксари Музейҳо, баъзан онро Музейҳои оммавӣ низ меноманд), тадқиқотӣ (дар назди институтҳои тадқиқотии илмӣ вазифаи лабораторияро адо мекунанд) ва таълимӣ — вобаста ба коллексияҳоящ ба Музейҳои с о ҳ а в ӣ, к и шваршиносӣ ва мемориалӣ ҷудо мешаванд. Музейҳои соҳавӣ ягон соҳаи муайяни истеҳсолот, илм ва санъатро дар бар мегирад (масалан, музейҳои таърихӣ, музейҳои зоология, музейҳои санъати тасвирӣ, музейҳои техникӣ ва ғайра). Музейҳоии кишваршиносӣ таърих, санъат, этногра­фия, табиат, хоҷагӣ ва дигар соҳаҳои хаёти кишвареро инъикос намуда. Музейҳои мемориал ӣ  ба воқеаҳои муҳими таърихӣ ва арбобони барҷаста бахшида мешаванд. Аввалин Музей дар Юнон ва Рими Қадим пайдо шудаанд. Дар ин мамлакатҳо осори ҷудогонаи санъатро дар маъбадҳо гирд оварда, сипас намоиш медоданд. Дар давраи эллинизм коллек­сияҳои ҷудогонаи Музейҳо ба вуҷуд омад. Гирд овардани коллексияҳои осори санъату маданият, таърих ва соҳаҳои ҷудогонаи илм дар Италияи дав­раи Эҳё, баъдтар дар Англия, Франсия, Россия, Германия ва дигар мамлакатҳо ба ҳукми анъана даромад. Музеи Британияи Лондон (1753), Луври Париж (1793) аз ҷумлаи Музейҳои намоёнтарини Европаи Ғарбӣ мебошанд. М.узейҳои калонтарини ҷаҳон а с ос а н  дар асри 19 пайдо шуданд. Музеи Прадои Мадрид (1819), Нигористони Третяков (1850), Эр­митажи Ленинград (1852), Музеи Метрополитени Нью-Йорк (1870) аз ҷумлаи онҳост. Баъди Револютсияи Октябр Музейҳо миллӣ кунонида шуда, дар асоси декрет ва қарорҳои Ҳукумати Советӣ Музейҳо барҷаста ва ёдгориҳои осори маданият ба муҳофизати давлат гузашт. Ноябри 1917 дар назди Комиссариати маорифи халқии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия Коллегияи умумироссиягӣ оид ба кори Музейҳо ва муҳофизати ёдгориҳо, май 1918 Шуъбаи музейҳо таъсис ёфт. Аз ҷумла дар ҳузури Ко­миссариат маорифи халқии Туркистон барои роҳбарӣ ва беҳтар намудани кори Музейҳо Комитети музейҳо оид ба кор ва муҳофизати ёдгориҳо ташкил гардпд. Дар Осиёи Миёна кори барпо кардана Музейҳо, гирд овардани ма­териал ва коллексияҳо ва ғайра, ҷоннок гардида, бисёр экспедисияҳои илмӣ гузаронида шуд. Дар Тоҷикистон аввалин музей соли 1931 дар Ленинобод таъсис ёфт ва худи ҳамон сол дар Душанбе барои барпо намудани Музеи республикавии Револютсия (ҳоло Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ) қадамҳои аввалин ниҳоданд ва он соли 1934 кушода шуд. Ҳоло қисми асосии Музейҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР тобеи вазорати маданият, таш- килотҳои ҷудогонаи ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ мебошанд. Масъалаҳои назариявӣ ва асосҳои методикаи илмии фаъолияти Музейҳо дар маркази методӣ (назди вазоратҳои маданияти республикаҳои иттифоқӣ) кор карда мешаванд. Музейҳои советӣ корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ мебаранд: коллексияҳоро меомӯзанд, монография, каталог, китобчаҳои роҳнамо (путеводительҳо) ва маҷмӯаҳои илмию адабӣ нашр мекунанд, бо ёрии экспозисия ва намоишҳо комёбиҳои соҳаҳои чудогонаи илм, саноати сотсиалистӣ ва таҷрибаҳои пешқадами хоҷагии қишлоқ ва ғайраро тартиб мекунанд. Ҳоло дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 1348 музеи давлатӣ; дар Тоҷикистон 7 музеи давлатӣ (аз он ҷумла Музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ, Музеи Садриддин Айнӣ дар Душанбе, Музеи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ дар Паиҷакент, Музейҳои вилоятӣ дар Ленинобод, Кӯлоб ва Хоруғ) амал мекунанд. Дар як қатор шаҳру районҳои республика Музейҳои халқӣ низ мавҷуданд.

Адабиёт:       Основы советского музееведе­ния, Москва, 1955; Очерки истории музейно­го дела в СССР, в. в—7, Москва, 1968—71; Роль музеев в коммунистическом воспи­тании трудящихся, Москва, I960; Список го- сударствевных музеев СССР, Москва, 1969.

Б. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …