Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ВАЛИЗОДА

МУЗЕИ ВАЛИЗОДА

muzeyМУЗЕИ ВАЛИЗОДА, х о н а-м узеи ёдгорию адабии шоир ва ҳ о ф и з и халқӣ Сандали Вал и зо да, ки 27 марти 1981 оид ба таъсиси он дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ленин, хонаи 5 қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. Он моҳи октябри 1981 ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллуди шоир кушода шуд. Музеи Вализода 5 зали экс- позисионӣ дорад, Дар қисми адабии Музеи Вализода китобҳо, шеърҳои алохида, тарҷумаи русии ашъори шоир, хо­тираву  ёддоштҳо дар бораи Саидалӣ  Вализода ҷамъоварӣ шудаанд. Ин зал дастнависҳо, ҳуҷҷатҳо, гpамотаҳои фахрӣ, телеграммаҳои ҳукуматӣ ва табрикоти дӯстонро низ фаро гирифтааст. Хонаи хоб ва меҳмонхонаи шоир қисми асосии ёдгорик Музеи  Вализода мебошанд. Дар ин ҷо кровати оҳанин, шлем, мизи корӣ, чойнику пиёла, офтобаи сафолӣ, радио, думб­ра ва дигар чизҳои шахсии шоир ба намоиш гузошта шудаанд. Дар Музеи Вализода оид ба ҳаёту эҷодиёти Саидалӣ Вализода вохӯриҳо, шабҳои адабӣ ва сӯҳбату лексияҳо гузаронида мешаванд.

М. Валиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …