Маълумоти охирин

МУЗЕИ ТАЪРИХӢ

muzei-tarikhiМУЗЕИ ТАЪРИХӢ, музеи марказии давлатии таърихи Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР дар Москва аз замонҳои қадимтарин то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр. Соли 1872 ташкил ёфтааст. Бноои Музеи таърихӣ солҳои 1875—81 аз рӯи лоиҳаи меъмор В. О. Шервуд ва инженер А. А. Семёнов дар Майдонн Сурх сохта ва соли 1883 кушода шудааст. Музеи таърихӣ бузургтарин маҳзани ёдгориҳои таърихӣ ва маданияти халқҳои Иттифоқи Советӣ мебошад. Дар Музеи таърихӣ бойтарин коллексияҳои археологии Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР, ка­бинет калони нумизматикӣ, коллексияҳои қиматбаҳои яроқу аслиҳаи Россия, мамлакатҳои Шарқу Ғарб, матоъу либосҳои Россия ва дигар мамлакатҳо, асбобҳои фулузии қиматбаҳо ва муқаррарӣ, шиша, зарфҳои кулолӣ, асбобҳои устухонӣ, дастхат ва китобҳои оламшумули нашри кӯҳна, архивҳон таърихию маишӣ, материалҳои дорои характе­ри динӣ ва маишӣ, асарҳои рассомон ва меъморони қадими рус, ма­териалҳои картографии асрҳои 16—20 ва ғайра маҳфузанд. Дар байни онҳо ёдгориҳои беназир: Хизонаи Бороди­но (ҳазораи 2 то милод), тобути сангини Таман (асри 3 то милод), асбобҳои тиллоӣ аз Чаатаси Копен (асрҳои 7—8), Маҷмӯаи Святослав (соли 1073), даст- нависҳои а-ҳои 6—17 Юнон, коллек- цияҳои аиёди оид ба Ҷангн ватанн (1812), Мудофиаи Севастопол (1854—55), ҷиҳози шахсии М. И. Ку­тузов, И. С. Тургенев, А. И. Герсен, В. Г. Белинский, Н. Г. Чернышевс­кий ва ғайра мавҷуданд. Дар 48 толори Музеи таъриҳӣ экспозисияҳои тематикӣ ташкил карда шудаанд.

Филиалҳои Музеи таъриҳӣ дар Москва: ёдгориҳои меъмории асрҳои 16—18 рус— калисои ҷомеи Покровский, дайри Новодевичий, Музеи меъморӣ ва расомии асри 17 — калисои Троиса, Музеи санъати амалии «Палатаи За­ря дье» дар асрҳои 16—17. Соли 1972 Музеи таърихӣ ба муносибати 100-солагии рӯзи таъсисаш бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …