Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ

МУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ

muzey-pushkinМУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ ба номи Александр Сергеевич Пушкин дар Москва, маҳзани ёдгориҳои осори санъати нафиса аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо. Аз ҷиҳати аҳамият дуюмин му­зеи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик  СССР (баъди Эрмитажи давлатӣ). Соли 1912 хамчун музеи осори муҷассамасозӣ таъсис ёфт. Соли 1937 ба он номи Александр Сергеевич Пушкин дода шуд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ин музей аз ҳисоби коллексияҳои собиқ му­зеи Румянсев, Эрмитаж, Нигористони Третяков ва маҷмӯаҳои хусусии осори санъат пурра гардида, ба он нигористони мусаввараҳо ва шуъбаи гравюра илова шуд. Дар Музей кол- лексияҳои нодири осори санъати Мисри Қадим, Осиёи Пеш, Юнони Қадим, Рими Қадим, Византия, мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ гирд оварда шудааст. Нигористони мусаввараҳои Музей асарҳои мусаввирони дав­раи Эҳё (А. Боттичелли, П. Перучино, П. Веронезе, Б. Э. Мурило), мактаби нидерландии асрҳои 15—16, осори мусаввирони Голландию фламандии асри 17 (X. Рембрандт, П. П. Рубенс, Ф. Снейдерс, Я. Иордане, А. Ван Дейк), намояндагони мактаби рассомии асрҳои 15—19 немис (Л. Кранах, А. Менцел), мактаби анг- лисии асрҳои 18—49 (Ҷ. Рейнолдс, Ҷ. Констебл), мактаби франсавии асрҳои 17—19 (Н. Пуссен, А. Ватто, Ф. Бу­ше, Ж. Л. Двнд, Э. Делакруа, А. Домье, К. Кори, Г. Курбе, А. Рену­ар ва дигар) ва осори хеле бои мак­таби барбизонро дар бар мегирад. Дар шуъбаи графика бештар аз 350 хазор асарҳои рассомони Европаи Ғарбӣ, Шарқ, рус ва советӣ мавчуд аст. Музей дорои китобхонаи бой ва устохонаи калони тармимй мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …