Маълумоти охирин

МУЗЕИ ЛОҲУТӢ

muzeyМУЗЕИ ЛОҲУТӢ, хона-музеи ёдгорӣ ва адабии Абулқос и ми  Л о ҳ у т ӣ, ки бо қарори бю­рои Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Тоҷикистон соли 1981 дар Душан­бе (кӯчал Истаравшан, 4, кв. 1) таъ­сис ёфт. Шоир солҳои 1941—43 дар ин хона знндагӣ ва эҷод кардааст. Музеи Лоҳутӣ аз 4 хонаи истиқоматӣ ва хоначаҳои хоҷагӣ иборат аст. Экспонатҳои он аз рӯи ду давраи калони эҷодиёти шоир: 1887—1922 (дар Эрону Туркия), аз соли 1922 то охири умраш— 16-уми марти 1957 (дар Нахичеван, Тифлис, Боку, Тоҷикистону Москва) мураттаб шудаанд. Дар Музей нашрҳои мутааддиди маҷмӯаҳо, шеъру достонҳои ҷудогона, тарҷумаҳо, ёддоштҳои шоир ва хотираву мақолаҳои ҳамкорону донишмандони гуногун дар бораи ӯ ҷамъ омадаанд. Зали охирини экспозисионӣ экспонатҳои ёдгорию адабӣ, асарҳои ба забонҳои дунё ва халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР тарҷумашудаи Лоҳутиро фаро гирифтааст. Дар Музеи Лоҳутӣ мизи кор, қаламу қаламдон, лампаи рӯимизӣ, дафтарчаҳои хотира, сарулибос, тӯҳфаю мукофотҳои давлатӣ, ордену медалҳо ва дастнависҳои шоир ба намоиш гузошта шудаанд.         А. Ҳақбердиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …