Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ РСС ТОҶИКИСТОН

МУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ РСС ТОҶИКИСТОН

etnograficheskiy-muzeyМУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ РСС ТОҶИКИСТОН б а н о м и М. С. Андреев, яке аз муассисаҳои калони маданию маърифатии республика, ки дар он намунаҳои осори маданияти моддию маънавии халқи тоҷик гирд оварда шудаанд. Дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Соли 1948 бо қарори Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (аз 31 май 1948) дар назди Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР фонди этнографӣ таъсис ёфт. Асоси фондро экспонатҳо оид ба тарзи зиндагии тоҷикони районҳои ҷанубӣ, ки дар натиҷан экспедисияи этнографӣ ба вилояти Кӯлоб (таҳти роҳбарии A. К. Писарчик) ҷамъ омада буданд, ташкил медод. Музеи бошад, соли 1981 бо қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон (аз 4 апрели 1979) таъсис ёфт. Он шуъбаҳои ҳунармандӣ, санъати амалӣ (кандакорӣ, ҳаккокӣ), сару либос, хоҷагии қишлоқ, ҷизҳои хона, кулолӣ ва ғайра дорад, ки зиёда аз 10 ҳазор экспонатро гирд овардааст. Намунаҳои беҳтарини экспонатҳо дар Юнон, Италия, Белгия, Ҳиндустон, Япония, Тунис ва дигар мамлакатҳо намоиш дода шуданд. Ҳодимоии Музей мунтазам намоишҳо ташкил карда,’ тамошобинонро бо намунаҳои маданияти моддию маънавни халқи то­ҷик шинос менамоянд ва ба тадқиқи илмии онҳо машғуланд.

Адабиёт: Писарчик А. К., Широко­ва 3. А., Музей археологии и этногра­фии имени М. С. Андреева, Изв. отделение об­ществ наук Академии Наук Таджикской Советской Социалистических Республики, 1952, № 2; Ерш о в Н. Н., Собрание этногра­фических коллекций Института истории имени До ниша Академии Наук Таджикской Советской Социлистической Республики. Изв. отд. обществ, наук Академии Наук Таджикской Советской Социлистической Республики, 1975, № 4. М. Ҳомидҷонова, Ҷ. Азимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …