Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ АМИНЗОДА

МУЗЕИ АМИНЗОДА

museyМУЗЕИ АМИНЗОДА, хона-музеи ёдгории шоир Муҳидднн Аминзода, ки 13 сентябри 1974 бо қарори Комитети Матказии Партияи Коммунстии Тоҷикистон ва Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон дар хонаи шоир (шаҳри Ленинобод, кӯчаи Лермонтов, 127, хонаи 10) ташкил ёфтааст. Экспонатҳои музей, ки зиёда аз 2000 номгӯй мебошанд, аз ҳаёт ва эҷодиёти Музеи Аминзода маълумот медиҳанд. Экспозисия дар мавзӯи «Аминзода ва эҷодиёти ӯ» дар се зал ҷой дода шудааст. Чизҳои шахсӣ, китобҳо, дастнависҳо, суратҳо асоси экспозисияро ташкил медиҳанд. Дар рӯи мизи кории шо­ир, телефон, радио, тақвим, чароғ, айнак, қаламдону авторучка, китоби «Ғиёс-ул-луғот»        ва дастнависҳои охирини шоир гузошта шудаанд.

А.Ҳақбердиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …