Маълумоти охирин

МУЗЕИ АЙНӢ

muzey-ayniМУЗЕИ АЙНӢ, музеи адабии Садриддин Айнӣ, кибо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони республика соли 1966 дар Душанбе кушода шудааст. Пас аз такмилу коркарди нав ба муносибати 100-солагии зодрӯзи нависанда соли 1978 амалиёту мавҷудияти худро ба сифати Музеи адабии Садриддин Айнӣ давом медиҳад. Музеи Айнӣ 4 фонд дорад: мерос, китобхонаи илмӣ, суратҳо ва овоз. Дар фондҳои Музеи Айнӣ ва 6 ҳали экспозиционии он зиёда аз 6000 экспонат мавҷуд аст. Дар залҳои музей экспонатҳое ҷой дода шудаанд, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабӣ, ҷамъиятӣ ва давраҳои гуногуни зиндагии нависанда маълумот медиҳанд: қаламдони аз падараш тӯҳфашуда, чизҳои шахсӣ (соат, асо, чойнику пиёла, столу креслои корӣ, қаламу ручка, кордчаю қайчӣ, айнак, ҷома, тӯҳфаҳо ва ғ.). Дар музей асару мақолаҳои илмии устод Айнӣ (нашри солҳои гуногун ва тарҷумаҳо ба забонҳои халқҳои СССР ва забонҳои хориҷӣ) ҳамчун экспозиция нигоҳ дошта мешаванд.

Як қатор экспонатҳо дар бораи алоқамандии С. Айнӣ бо санъати қадиман мусиқии Осиёи Миёна «Шашмақом» ва шашмақомхонон нақл мекунанд; қисми дигар оид ба муносибати ҳамкорӣ ва дӯстии С. Айнӣ бо шоиру нависандагон ва олимону ходимони ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Иттифоқи Советӣ ва хориҷӣ мебошанд. Дар байни экспонатҳо дастхатҳои нависанда, машинка ва ҷолиби рӯи ӯ, ки пас аз вафоташ гирифта шуда буд,

Ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Инчунин дар музей суратҳои кашидан рассомон аз рӯи асарҳои устод ва ғ. чен гирифтаанд. Дар Музеи Айнӣ фонди бои сабти овоз мавҷуд аст, ки дар он нутқи дар ҷашни 75-со-лагиаш эродкардаи С. Айнӣ, хотирмон шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …