Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУЗДИ КОРИ РЕАЛӢ

МУЗДИ КОРИ РЕАЛӢ

realiМУЗДИ КОРИ РЕАЛӢ, маҷмӯи ашьёи истеъмол ва хизматҳоест, ки коргарон ва хизматчиён ба музди кори номиналии худ харида метавонанд. Бузургии Музди кори реалӣ ба андозаи музди корӣ номиналӣ, дараҷаи нархи молҳои истеъмолӣ, нархи хизматрасонӣ, иҷорапулӣ, андозҳо ва ғ. вобаста аст. Дар мамлакатҳои капиталистӣ нархҳои мол ва хизматрасонӣ, ҳаққи иҷораи хона ва андозҳо муттасил меафзоянд. Музди кори номиналӣ низ дар зери таъсири муборизаи синфии пролетариат тағйир меёбад, вале баландшавии дараҷаи музди кори номиналӣ ҷои пастшавии Музди кори реалиро гирифта наметавонад, зеро нархи ашьёи истеъмол ва андозҳо бениҳоят босуръат баланд мешавад. Статистикаи буржуазӣ ҳақиқати вазъи пролетариатро дар замони капитализм рӯйпӯш карданӣ мешавад. Вай музди кори миёнаи коргаронро ҳисоб карда, мавҷудияти армияи калони бекоронро ба ҳисоб намегирад, баръакс, маоши хизматчиёни музди калонгиранда, маоши мудирон, директории ширкатҳоро ба маблағи ӯ мумии музди кори коргарон дохил мекунад. Дар давраи социализм Музди кори реалии коргарон ва хизматчиён дар асоси афзудани ҳосилнокии меҳнат зиёд мешавад. Афзоиши истеъмоли муҳимтарин навъҳои мол ба ҳисоби ҳар нафари аҳолии мамлакат ифодаи равшани зиёд шудани Музди кори реалӣ дар СССР аст. Фондҳои ҷамъиятии истеъмол даромади реалии меҳнаткашони ҷамъияти социалистиро беш аз пеш меафзояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …