Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУЗДИ КОРИ НОМИНАЛӢ

МУЗДИ КОРИ НОМИНАЛӢ

nominaliМУЗДИ КОРИ НОМИНАЛӢ, музди корест, ки коркунон барои кори худ дар шакли пул мегиранд. Музди кори номиналӣ андозаи ҳақиқии музди меҳнатро нишон намедиҳад. Андозаи ҳақиқии музди меҳнат ба нархунаво ва миқдори андозҳо вобаста аст. Дар мамлакатҳои капиталистӣ Музди кори номиналӣ зоҳиран як қадар зиёд шавад ҳам, музди кори реалӣ кам мешавад, зеро нархи молҳои сермасриф торафт баландтар ва бори андозҳо торафт гаронтар мешавад. Дар шароити социализм зиёд шудани Музди кори номиналӣ мунтазам арзон гардидани нархи молҳои истеъмоли халқ, шарти муттасил афзудани музди кори реалии коргарон ва хизматчиён мебошад. Дар СССР ба замми Музди кори номиналӣ давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои чорабиниҳои иҷтимои ва маданӣ торафт бештар маблағ ҷудо мекунанд, ки ин даромади коргарону хизматчиёнро боз ҳам зиёд менамояд.

Ад.: Маркс К., Энгельс Ф., Манифеста Партияи коммуниста, Д., >1968; Ленин В. И., Империализм ҳамчун дараҷаи баландтарини капитализм, Ас.,Ч. 22; ҳамон муалл., Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ, Ас., ч. 27; Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, Д., 4070; Материалҳои Съезди XXV КПСС, Д., 1976.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …