Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЗДИ КОР

МУЗДИ КОР

muzdi-korМУЗДИ КОР, дар давраи социализм шакли пулии қисми маҳсулоти зарурӣ, ки дар байни коргарону хизматчиён мувофиқи микдору сифати меҳнати сарфшуда тақсим карда мешавад. Музди кори номиналӣ (маблағи пули коргар барои кораш дар давраи муайян) ва ғ салӣ (коргар аз ҳисоби Музди кор худ барои харидани миқдори муайяни мол имконият пайдо мекунад) вуҷуд дорад. Шакли асосии Музди кор вақтбайъ ва корбайъ аст. Музди вақтбайъ, ки андозаи он ба муҳлати кор ва ихтисоси коркунон вобаста аст, баробари дар истеҳсолот ҳарҷониба ҷорӣ шудани механнконии комплексии меҳнат, усулҳои истеҳсолӣ муттасил ва пай дар пай торафт бештар ба кор бурда мешавад. Асоси Музди корро принципи социализм — «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқ меҳнаташ» ташкил медиҳад. Конституцияи СССР ва республикаҳои иттифоқӣ ба гражданҳои СССР, қатъи назар аз ҷинс, синну сол, миллат ва нажод, ба меҳнат кардан ва аз рӯи миқдору сифати кор музд гирифтан ҳуқуқи гарантиянок додааст. Ин ҳавасмандии моддӣ афзоиши ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, ба баланд бардоштани савияи дониши коргарон ва мустаҳкам шудани интизоми меҳнат ёрӣ мерасонад. Мақсади асосии ҷамъияти социалистӣ мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ ва зиёд кардани Музди кори меҳнаткашон аст. Солҳои 1971— 73 андозаи минималии Музди кори мономан коргарон ва хизматчиён дар СССР ба 70 сум расонда шуд. Музди кори коргарони саноат, нақлиёт ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти моддии андозаи маошашон миёна, низ зиёд карда шуд. Маоши муаллимон, духтурон ва коркунони дигар соҳаҳо ҳам афзуд. Музди кори миёнаи моҳонаи коргарону хизматчиён дар панҷсолаи 10-ум ба 171 сум расонида мешавад. Музди кори реалии меҳнаткашон низ бо роҳи кам кардани андози даромад, нархи мол, зиёд намудани имтиёзи фондҳои ҷамъиятии истеъмол мунтазам баланд бардошта мешавад. Манбаи асосии афзоиши Музди кор хосилнокии меҳнат буда, аз тарафи давлати социалистӣ ба план гирифта, танзим карда мешавад. Андозаи Музди кори коргарон ва хизматчиёнро бо ёрии системаи таърифа, музди кор ва нормаи истеҳсол муайян менамоянд. Дастур дар бораи корхонаҳои социалистии давлатӣ (1965) ва ислоҳоти хоҷагидорӣ ҳуқуқи корхонаҳоро дар бораи танзими Музди кор боз ҳам бештар васеъ гардонид. Ба ғайр аз ин, ислоҳоти хоҷагидорӣ роли ҳавасмандонии моддии меҳнаткашонро баланд бардошт, ҳавасмандии моддиро на танҳо дар натиҷаҳои меҳнати индивндуалӣ, балки дар натиҷаҳои умумии кори корхона низ мустаҳкам гардонид. Мураттаб кардани Музди кор дар СССР барои тараққии хоҷагии халқ аҳамияти калон пайдо кард, хусусан минимуми Музди кори категорияи коргарони каммуздгиранда афзуд. Зарурати такмили Музди кор дар давраи сохтмони пурвусъати коммунизм низ боқӣ мемонад, андозаи даромади реалӣ ба ҳисоби ҳар як нафар аҳолӣ бештар аз 3,5 баробар зиёд мешавад. Фарқ байни Музди кори категорияҳои коркунони кам ва бисёрмуздгиранда тадриҷан барҳам мехӯрад. Ин барои гузаштан ба тақсимот мувофиқи талабот замина тайёр мекунад. Дар мамлакатҳои капиталистӣ, ки қувваи коргарӣ шакли молро гирифтааст, Музди кор шакли дигаргуншудаи арзиши қувваи коргарӣ мебошад. Дар давраи капитализм Музди кори коргар гӯё пурра дода мешавад, вале дар асл бошад, фақат як қисми Музди кор дода мешаваду бас. Андозаи Музди кор қарзори таъсири қонунҳои бозор ба вуҷуд меояд ва аз арзиши қувваи коргарӣ баланд намешавад. Коргарон маҷбуранд, ки дар давраи бекорӣ қувваи кории худро аз арзиши аслиаш пасттар фурӯшанд. Дар мамлакатҳои капиталистӣ Музди кори реалӣ дар натиҷаи баланд шудани нархи ашьёҳои истеъмолӣ, андоз, хонапулӣ ва ғ. торафт кам мегардад. Ҳаққи меҳнат дар мамлакатҳои капиталистӣ ба нажод, миллат, ҷинс, синну сол ва ғ. вобаста аст. Музди кори негрзан дар ШМА ‘/s ҳиссаи музди меҳнати мардони сафедпӯстро ташкил медиҳад. Дар Британияи Кабир нисбат ба Музди кори калонсолон Музди кори ҷавонон 58%, духтарон 68% паст аст. Меҳнаткашони мамлакатҳои капиталистӣ бар зидди нажодпарастӣ, истисмор ва паст шудани Музди кор мубориза мебаранд. Иқтисодчиёни буржуазӣ барои рупӯш намудани моҳияти ҳақиқии Музди кор, аз муборизаи революционӣ дур кардани омма назарияҳои бардурӯғро бофта мебароранд ва паҳн мекунанд. Ба ақидаи онҳо Музди кор барои меҳнати коргар мукофот буда, фоида бошад, мукофот барои фаъолияти «ташкилотчигӣ»-и капиталист аст. Аз ин рӯ, ба қавли иқтисодчиёни буржуазӣ, муносибати байни коргарону соҳибкорон дар процесси истеҳсолот антагонист набуда, балки ҳамкорӣ будааст. Капиталистон даъво мекунанд, ки муборизаи меҳнаткашон ба муқобили соҳибкорон бефоида аст, афзудани Музди кор танҳо ба баланд шудани нарх оварда мерасонад.

Ад.:- Маркс К., Капитал, т. 1, разд. 4; Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 23; ҳамон муалл., Меҳнат» кироя ва капитал, Маркс К. ва Энгельс Ф., Ас., мунт. ч. 1, Д., 1963; Ҳамон муалл., Танқиди программаи Гота, ҳамон ҷо, ч. 2, Д., 1965; Ленин В. И., Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ, Ас., ч. 27; ҳамон муалл., Музди кори коргарон ва фоидаи капиталистон дар Россия, ч. 18; Материалҳои съезди XXV КПСС, Д., 1976; Капустин Е. И., Качество труда и заработная плата. М., 1964; Володин В. С., Заработная плата в Условиях современного капитализма, М., 1967; Труд и заработная плата в СССР (сб. ст.), М., 1968.

М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …