Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА»

«МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА»

marks«МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА», асари К. Маркс, ки онро 20 ва 27 июни 1865 дар маҷлиси машваратии Совети генералии байналхалқии рафоқати коргарон (Интернационалӣ I) маърӯза кардааст. Маърӯзаро ҷавобан ба баромади Ҷ. Уэстон (аъзои Совети генералӣ, яке аз пайравони Р. Оузн), ки муборизаи пролетариатро барои зиёд кардани музди кор бефоида ва иттифоқҳои касабаро зараровар меҳисобид, тайёр карда буд. Аввалин бор соли 1898 ба забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ интишор гардидааст. Соли 1963 ба тоҷикӣ тарҷума шудааст (К. Маркс, Ф. Энгельс, Ас. мунтах., ч 1. саҳ 415). Дар ин асар масъалаҳои назариявии иқтисодӣ сиёсӣ дар алоқамандӣ бо вазифаҳои амалии муборизаи синфии пролетариат ҳаматарафа таҳлил шудааст. К. Маркс ақидаи Ҷ. Уэстонро, ки гӯё арзиши молро музди меҳнат муайян мекунад, фоида ва рента бошад, иловаи фоизии он мебошад ва ҳар гуна зиёдшавии музди кор боиси ба таври автоматӣ баланд шудани нарх мешавад, рад кард. К. Маркс бар хилофи ақидаи хатои ӯ, назарияи илмии арзишро пеш гузошт, омилҳоеро, ки самарабахшии меҳнат ва арзиши молро муайян мекунанд, таҳлил кард; назарияи андӯхти ибтидоии капитал, арзиши қувваи корӣ, истеҳсолӣ арзиши изофӣ ва ба фоида, рента, фона тақсим шудани онро мухтасар баён намуд. К. Маркс рол ва аҳамияти муборизаи иқтисодӣ ва сиёсии продетариатро дар шароити капитализм муайян намуд, мақсаду вазифаҳои ҳаракати синфии касбии пролетариат, стратегия ва тактикаи иқтисодии онро илман асоснок кард. Асари К. Маркс «М» дар шароити ҳозира ҳамчун аслиҳаи назариявии мубориза бар зидди буржуазия аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …