Маълумоти охирин

МУЗДАВИҶ

МУЗДАВИҶ, муздаваҷ (ар.—дугона, ҷуфт). дар илми бадеъ шеъреро меноманд, ки бинои он бар абьёти мустақили мусарраъ — ҳамқофия гузошта шудааст. Аммо дар миёни шоирони форс-тоҷик ба ҷои ин истилоҳ муродифи он — маснавӣ маъмултар гардидааст ва шуарои форс-тоҷик шеъреро, ки ҳар байташ дорои қофияи воҳид ва мустақил бошад, ва Музаҳо, балки маснавӣ гуфтаанд. Чунончи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар маснавии «Хирадномаи Искандарӣ» гуфтааст:

Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,

Диҳам маснавиро либоси навӣ.

Дар баробари шеъру қиссаҳои хурди гуногунмазмун, ки дар девону куллиёти шоирони гузашта ба назар мерасанд, бисьёр достонҳои қаҳрамонӣ, таърихӣ, ишқӣ, ахлоқиву тарбиявии адабиёти классикии форс-тоҷик дар шакли маснавӣ (муздаваҷ) навишта шудаанд.

Ад.: Атоулло Ҳусайнӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974.

С. Имронов,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …