Маълумоти охирин

МУЗАҲО

muzahoМУЗАҲО, дар мифологияи юнониёни қадим олиҳаҳои назм, санъат ва илм. Музаҳоро илҳомбахши шоирону санъаткорон мешумурданд; дар қисми даромади асарҳои атиқа Музаҳоро ситоиш мекарданд. Номи 9 Музаҳо аввалин бор дар «Теогония»-и Гесиод (асри 7 то м.) ёдоварӣ шудааст. Бо номи Музаҳо марбут донистани соҳаҳои ҷудогонаи илм ва санъат дар давраҳои охири атиқа ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи ин ақидаҳо Евтерпа ҳомии назм ва мусиқӣ, Клио—таърих, Талия — мазҳака. Мелнамена — фоҷиа, Терпсихора — рақс, Эрато — лирикаи ишқӣ, Полигимния — гимнҳо, Урания — астрономия, Каллиопа — эпос ба шумор мерафт. Аполлонро худои Музаҳо меҳисобиданд. Образи Музаҳо дар осори санъати тасвирии Европа (асарҳои С. Боттичелли, Я. Тинторетто, Ҷ. Тьеполо ва дигар инъикос ёфтааст.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …