Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУЗАФФАРИЁН

МУЗАФФАРИЁН

МУЗАФФАРИЁН, сулолае, ки асри 14 дар Эрон давлати феодалии Музаффариёнро ташкил намуд. Ба он водии дар Язд будаи муғулҳо — Муборизиддин Муҳаммад ибни Музаффар асос гузоштааст. Ӯ аз таназзули давлати Ҳалокунён истифода бурда, Кирмон (соли 1340), Форс (1353) ва Исфаҳонро (1356) ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Баъди ҳуҷуми Темур ба Эрони Ҷанубӣ (1393) давлати Музаффариён барҳам хӯрд. Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ дар «Таърихи гуайда» аз тарафи Муҳаммади Қутбӣ таълиф гардидани таърихи Музаффариёнро қайд кардааст. Намояндагони сулолаи Музаффариён Муборизуддин Муҳаммад ибни Музаффар (1314—58), шоҳ Маҳмуд (1358—64), Ҷалолуддин Шоҳ Шуҷоъ (1364—84), Мансур (1384— 93).

Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …