Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мӯйқалам

Мӯйқалам

Асбобест барои давондани ранг ба рӯи лавҳа, қоғаз, девор ва ғайра. Аз мӯй ва пашми ҳайвоноти гуногун тайёр мекунанд. Мӯйқаламҳои дурушти қилӣ барои рангҳои равғанӣ, Мӯйқалами мӯйдароз барои молидани елим ба кор меравад. Мӯйқалами лундаи нӯгтез ва мулоим (аз мӯӣ санҷоб, қашқалдоқ юрмон) барои рангҳои обӣ, темпера ва графика истифода мешавад. Дар санъати тасвириву наққошии тоҷик намудҳои зерини Мӯйқалам маълум буданд: яккақалам (Мӯйқаламии оддӣ барои кашидани тарҳи расмҳо), қушқалам (барои кашидани хатҳои мувозӣ), ларзонакқалам (барои кашидани ҳошия), паҳнқалам (барои пардози нақшҳо). Ҳоло Мӯйқаламҳои анъанавӣ ва фабрики* ро ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …