Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУВОФИҚАТИ МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ХАРАКТЕР ВА ДАРАҶАИ ИНКИШОФИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА

МУВОФИҚАТИ МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ХАРАКТЕР ВА ДАРАҶАИ ИНКИШОФИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА

МУВОФИҚАТИ МУНОСИБАТҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ХАРАКТЕР ВА ДАРАҶАИ ИНКИШОФИ ҚУВВАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА, қонуни умумии иқтисодии инкишофи ҷамъият, ки дар формацияи мухталифи ҷамъиятию иқтисодӣ ҷой дорад. Қонуни мазкур таъсири мутақобили қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолиро ифода мекунад. Ин қонунро аввалин бор К. Маркс кашф ва асоснок намудааст. Дар китоби «Сарсухан ба «Дойр ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» ӯ гуфтааст: «Одамон дар истеҳсолоти ҷамъиятии ҳаёти худ ба муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон вобастанабудае — ба муносибатҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд» (Маркс К. ва Энгельс Ф.. Ас., мунт., ч 1 Д соли 1963, саҳ. 374). Дар ягонагии қувваҳои истеҳсолӣ роли ҳалкунандаро қувваҳои истеҳсолкунанда мебозанд. Дараҷаи инкишофи онҳо бевосита ба тарзи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ вобаста аст. Мас., тарзи истеҳсолоти ҷамоаи ибтидоӣ, ки ба воситаҳои истеҳсолоти нисбатан номукаммал асос ёфта буданд, ба кори мустақилонаи шахсони ҷудогона имкон намедод. Аз ин рӯ, онҳо дар процесси истеҳсоли неъматҳои моддӣ якҷоя меҳнат мекарданд. Такомули олоти меҳнат боиси мустақилияти фаъолияти меҳнатии одамон, пайдоиши моликияти хусусӣ ва ба синфҳо тақсим шудани ҷамъият гардид. Олоти нави меҳнат ба коркуни ҷудогона имкон дод, ки назар ба пештара бештар воситаҳои зиндагӣ истеҳсол кунанд. Дар натиҷа маҳсулоти изофа пайдо шуда, муносибатҳои истеҳсолии тарзи истеҳсолоти ғуломдорию феодалӣ ташаккул ёфтанд. Ақибмонии муносибатҳои истеҳсолӣ аз дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда хусусияти асосии давраи таназзули формацияҳои антагонистист. Зеро шакли азхудкунии маъмул ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда монеъ мешавад. Мас., дар замони капитализм зиддияти байни характери ҷамъиятии истеҳсолот ва шакли хусусии азхудкунӣ хусусияти антагонистй дошта, бартарафнашаванда мебошад. Шакли капиталистии азхудкунӣ, ки боиси анархияи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, пайдойши бойгарӣ ва қашшоқӣ гардидааст, дигар ба дараҷаю характери инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқ, намеояд. Аз ин рӯ, барои инкишофи ҳаматарафаи онҳо на ислоҳоти унсурҳои алоҳидаи маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ, балки нест намудани онҳо зарур аст. Номувофиқии байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ махсусан дар замони империализм равшан зуҳур меёбад. Зиддияти байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ тавассути револютсияи социалистӣ ҳал карда мешавад. Пролетариати ғолиб ба иттифоқи деҳқонон такя намуда, ба моликияти хусусии капиталистон хотима мегузорад ва воситаҳои истеҳсолотро ба моликияти ҷамъиятӣ табдил медиҳад. Барои роҳбарӣ ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ органҳои мувофиқ ташкил мешаванд. Дар ин шароит муносибатҳои социалистӣ ташаккул меёбанд. Муносибатҳои нави истеҳсолӣ бошанд, ба характери ҷамъиятии қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқат мекунанд. Партияҳои коммуиистӣ ва коргарии мамлакатҳои социалистӣ дар прецесси сохтмонӣ зид, муайян намудани перспективии инкшиофи он қонуни таносубро ҳаматарафа ба инобат мегиранд. Тағйир додани шакли роҳбарӣ ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ асоси таъмин намудани таносуби байни қувваҳои истеҳсолкунандаю муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад. Ҳукмронии моликияти Ҷамъиятӣ номувофиқии байни унсурҳои алоҳидаи муносибатҳои истеҳсолии социалистӣ ва дараҷаю характери қувваҳои истеҳсолкунанда, зиддиятҳои антагонистии байни онҳоро истисно намуда, барои ҳаматарафа истифода бурдани қонуни мазкур дар давраи гузариш аз социализм ба коммунизм имкониятҳои калон фароҳам меоварад.

Ад.: Маркс К., «Сарсухан ба «Дойр ба танқиди иқтисоди сиёсӣ». К. Маркс ва Ф. Энгельс, Ас. мунт., ч- 1, Д., 1963; Маркс К. ва Энгельс Ф, Манифести Партияи Коммунистӣ, ҳамон ҷо; Ленин В. И, Империализм ҳамчун дараҷаи баландтарини капитализм, Ас., ч- 22; Программаи КПСС, Д., 1079.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …