Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУВАЙЛИҲӢ Муҳаммад

МУВАЙЛИҲӢ Муҳаммад

nophotoМУВАЙЛИҲӢ Муҳаммад (1868, Қоҳира — 1930), нависандаи араб (Миср). Писари Иброҳими Мувайлиҳӣ. Дар коллеҷи аъёну ашроф «Ал-Анҷал» таҳсил кардааст. Чанде дар Италия ва Париж зиндагӣ карда, дар нашри г. «Урват-ул-вуско» ба Ҷамолуддини Афғонӣ ва ж. «Мисбоҳ-уш-Шарқ» ба падараш ёрӣ додааст. Дар Истамбул «Рисолат-ул-ғуфрон»-и Абулъалои Маарриро нашр кард. Баъди баргаштан ба Қоҳира бо таҳрири г. «Ал-Аҳром» ва ж-ҳои «Ал-Муайнд» ва «Ал-Мукта-таф» машғул шудааст. Дар романи ҳаҷвии «Ҳадиси Исо ибни Ҳишом» (1907) манзараи ҳаёти ҷамъияти Мисрро тасвир карда, нуқсонҳои ахлоқию иҷтимоии табақаҳои мухталифи ҷамъиятиро ошкор намудааст. Дар ин асар кӯшиши омезиш додани сабки мақомаҳои араб ва новеллаи европоӣ дида мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …