Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУТРОН Халил Абду

МУТРОН Халил Абду

personМУТРОН Халил Абду (1872, шаҳри Баълбек, Лубнон—1949), шоир ва гуманисти араб (Лубнон). Мутрон аз соли 1900 «Ал-Маҷаллат-ул-Мисрия» ва ғайра. «Ал-Ҷавоиб-ул-Мисрия»-ро нашр мекард. Аз соли 1935 роҳбари Театри миллии Миср буд. Мутрон бо шаклҳои анъанавии назми араб қонеъ нашуда, дар қолибҳои навии европоӣ ҳам шеър менавишт. Мутрон азбаски муқобили туркҳо буд, дар асарҳояш бар зидди истибдод ва зулми беруна баромад карда аст (шеърҳои «Нерон», «Оқсақоли Афина», «Садди бузурги Чин», «Кушта шудани Бузургмеҳр» ва ғайра). Дар аксари асарҳои Мутрон тасвири табиат ва ёдгориҳои таърихии меъморӣ ороста бо ҳиссиёту ҳаяҷони шахсии шоир дода мешавад. Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Девон-ул-Халил» ва «Шери гирён». Машҳуртарин асари насрии Мутрон «Оинаи айём» (мухтасари таърихи башар) мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …