Маълумоти охирин

МУТРИБӢ

personМУТРИБӢ  (1558, Самарқанд — 1629, Ҳиндустон), номи аслиаш Султонмуҳаммад, шоир ва тазкиранависи тоҷик. Мутрибӣ тахаллуси ӯст. Шогирди Нисории Бухороӣ. Асосан дар Самарқанду Бухоро таҳсил карда, баъд ба Ҳиндустон рафтааст. Ҳамчун шоир ва мутриб шӯҳрати калон доштааст. Сарчашмаҳо Мутрибиро соҳибдевон мешуморанд, вале девони ӯ то ҳол пайдо нест. Ашъори парокандаи ӯ шаҳодат медиҳад, ки аз носозгориҳо ва беадолатиҳои рӯзгор бисёр азият кашидааст:

Фалак заҳри ҳалоҳил то ба кай дар соғарам резад,

Ва з-ин май ашки хуноби дил аз чашми тарам резад.

Ғами май касе шиносад, ки дили фигор дорад,

Ҷигари хазорлахту ғами бешумор дорад.

Вале Мутрибӣ асосан бо ду тазкиран худ— «Тазкират-уш-шуаро* ва «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» машҳур аст. «Тазкират-уш-шуаро» (таълифаш 1605) дар бораи бештар аз 350 нафар адиб, соҳибзавқони адабиёту санъат, уламо ва ғайра, ки дар нимаи дуюми асри 16 ва ибтидои асри 17 асосан дар Мовароуннаҳр зиндагӣ ва эҷод намудаанд ва доир ба робитаҳои адабии мардуми Мовароуннаҳр, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Эрону Афғонистон, Ироқу Қошғар ва ғайра маълумот медиҳад. Тазкираи дигари Мутрибӣ «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» (таълифаш 1624—27) аҳволу ашъори шоирони форсизабони Ҳиндустонро дар бар гирифгааст, Ин асар бо кӯшиши А. Мирзоев соли 1976 дар Покистон ба табъ расидааст. Нусхаҳои дастнависи асарҳои Мутрибӣ дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Ӯзбекистон маҳфузанд. Онҳо барои омӯзиши ҳаёти адабии асрҳои 16—17 аз маъҳазҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Адабиёт: Н а з и р о в У., Мутрибни Самарқандӣ. журнали «Мактаби советӣ», 1973. № 2.                               У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …