Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУТОРИКА

МУТОРИКА

mutorikaМУТОРИКА, муторака (арабӣ — сулҳи муваққатӣ), мувофиқи созишномаи тарафҳои ҷангкунанда муваққатан қатъ намудани амалиёти ҳарбӣ. Муторика умумӣ ва маҳаллӣ мешавад. Дар ҳолати аввал амалиёти ҳарбӣ дар тамоми майдони ҷанг қатъ мегардад. Шартномаи Муторикаро сарфармондеҳон бо ваколати давлатҳояшон имзо мекунанд. Одатан Муторикаи умумӣ оғози бастани шартномаи сулҳ мебо-шад. Муторикаи маҳаллӣ дар мавзеи муайяни фронт, дар байни қисмҳои алоҳидаи тарафҳои ҷангкунанда муқаррар мегардад. Ин шакли созишнома мӯҳлат ва мақсади муайян (ивази асирон, дафни ҳалокшудагон ва ғайра) дорад. Агар вақти Муторика муайян нашуда бошад, тарафҳои ҷангкунанда амалиёти ҳарбиро ҳар вақте ки хоҳанд, cap карда метавонанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …