Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУТОИБА

МУТОИБА

shuhiМУТОИБА, м у т о я б a (арабӣ — шӯхӣ, хушгӯӣ), тасвири ҳодисаҳои хандаовари ҳаёт, амалиёт ва фаъолиягти ҳазломези шахсони алоҳида дар адабиёти бадеӣ. Мутоиба бо ҳаҷв хеле қаробат дорад, вале дар миёни ҳаҷву Мутоиба тафовут зиёд аст. Дар Мутоиба тамасхури тунду тез ва истеҳзо дида

намешавад. Ҳодиса ва воқеаҳои хандаовар нисбат ба ҳаҷв нармтар тасвир ёфта, дар маркази он шӯхӣ ва хушҳолӣ бештар аст. Барои ханда ва хушҳолӣ, ҳазлу шӯхии дилхушкунанда баъзе ҳодисаҳои мусбат, шахсони хубу маъруф низ қаҳрамони асари мутоибавӣ қарор меёбанд. Гарчанде иллатҳои иҷтимоӣ ва ҷи-ҳатҳои зишти одамон дар Мутоиба ба сурати зоҳиран ҳазлу зарофатгӯй тас-вир ёбанд ҳам, мақсаду мароми ниҳонӣ, ҳаҷви пӯшидае дар зимни он мавҷуд ҳаст. Мутоиба чун як шакли тасвири бадеӣ дар адабиёти пешазинқилобии тоҷик, дар эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Саъдии Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Мушфиқӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва дигар мавқеи намоёне дошт. Дар адабиёти имрӯзаи тоҷик Мутоиба ба шакли латифа, ҳикоя, манзума ва песаҳои хурд навишта мешавад. Намунаҳои Мутоибаро дар асарҳои Садриддин Айнӣ ва дигар шоиру нависандагони имрӯза дидан мумкин аст.

З. Аҳрорӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …