Маълумоти охирин

Мӯътод

Мӯътод (одаткарда;, акклиматизатсия (аз лотини ad— ба, барои ва юн. klima — иқлим), ба шароити нав мутобиқшавии организмҳо. Мӯхтод одатан ҳангоми тағйироти физиологии морфологии организм ба вуҷуд меояд. Тағйироти физиологӣ (дигаргуншавии мубодилаи модда) дар даруни орга­низм аз таъсири шароитҳои тағйирёфтаи муҳити берунӣ (рушноӣ, харо- рат, намии ҳаво, режими хӯрок ва ғайра) cap мезанад ва аз насл ба насл намегузарад. Тағйироти мор­фологии (дигаргуншавии сохти генетикии хели биологӣ) организм аз таъсири интихоби табиӣ ба амал омада, аз насл ба насл мегузарад. Мӯътод табиӣ (ҳангоми кӯчи ҳайвонотҳо тасодуфан аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани растаниҳо ё тухми онҳо аз тарафи одам, ҳайвонҳо ва шамол) ва сунъӣ (ҳангоми интродуксия), мешавад. Мӯътод растаниҳо ҳама вақт ареали онҳоро васеъ менамояд. Масалан, бо роҳи интродуксияи растаниҳо дар фитосенози Тоҷикистон булут, заранг, аҳр, гули товус, лоладарахт ва ғайра одат карданд. Ҳангоми Мӯътоди растаниҳои фоидабахш усулҳои гуногуни агротехникӣ аҳамиятн калон доранд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ оид ба Мӯътоди растаниҳо дар боғҳои ботаникӣ, ниҳолхонаҳои интродуксиовӣ ва муассисаҳои тадқиқоти илмӣ (дар Тоҷикистон богғҳои ботаникии Душанбе, Ленинобод ва Помир) таҷриҳои илмӣ мегузаронанд. Ҳангоми Мӯътоди ҳайвонҳо дар баробари омилҳои дигари муҳити бе­рунӣ рақобат дар ҷустуҷӯи хӯрок, паноҳгоҳҳо, ҷойҳои наслгузорӣ ва ғайра аҳамияти калон доранд. Дар таҷрибаи хоҷагӣ Мӯътод бо ҷойдигаркунии сунъии ҳайвонҳои фоиданоки ваҳшӣ ва хоҷагии қишлоқ алоқа дорад. Дар вақ- ти Мӯътоди ҳайвонҳои хоҷагии қишлоқ  усулҳои гуногуни зоотехникӣ аҳамияти калон доранд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Мӯътоди ҳайвонҳо дар мамнӯъгоҳҳо, фермаҳои ҳайвонот парварӣ, қуруқҳо (заказникҳо) ба амал бароварда мешавад. Дар Тоҷикистон Мӯътодии ҳайвонҳо бо ду роҳ гузаронида мешавад: бо намудҳои нав бойгардонии фаунаи шикорию саноатӣ ва нигоҳдорию зиёдкунни миқдори ҳайвонҳои нодир ва нестшудаистода. Дар ин соҳаҳо Иниверситети зооло­гия ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон ва мамнуъгоҳои Ромиту Бешаи палангон кордон самарабахш мебаранд. Мӯътоди одам просесси мутобиқшавии фаъоли (адаптатсияи) организм ба иқлими мутағайир мебошад. Ҳангоми Мӯътод нахустин мувозинати ҳаракаткунии организм, ки дар ҷои зисти доимӣ шакл гирифтааст, тағйир ёфта, оҳиста ба мувозинати нав табдил меёбад. Дар ин ҳолат реаксияи Мӯътод бо механизмҳои рефлекторӣ ва нейрогуморалӣ ба танзим да­роварда мешавад. Дар одамони со­лим иваз шудани иқлим бештар ба организм асар мекувад. Ад.: Акклиматизация животных вИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Алма-Ата, 1963; Абдусалямов И. А.. Д а в ы д о в  Г. С. (ва дигарон), Редкие и исчезающие животные Таджи­кистана, Д., 1976.

Инчунин кобед

kitob

КИТОБИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (АБӮҲАНИФА)

Китобе, ки дар дасти мубораки хонандаи азиз ва пешорӯйи дидагони борикбини аҳли назар қарор гирифтааст, …