Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУТЛАҚИЯТ

МУТЛАҚИЯТ

monarhiyaМУТЛАҚИЯТ (аз арабӣ— комил; озод), як шакли идоракунии монархи дар Россия, ки ҳуқуқҳои олии қонунгузорӣ (тасдиқи лоиҳаи қонунҳо), идоракунӣ (таъин ва аз кор хориҷ кардани шахсони олирутба, роҳбарони муассисаю органҳои идоракунии марказии маҳаллӣ, фармондеҳони олии армия ва флот, мудирони идораҳои молия ва ғайра) ва суди олӣ (тасдиқи ҳукмнома, афв) ба зиммаи шоҳ (император) вогузор буд. Мутлақият ду зинаи таърихиро аз cap гузаронидааст: асрҳои 16—17, вақте ки ҳокими мутлақ ҳуқуқҳои худро бо Думаи боярӣ ва аристократии боярӣ якҷоя татбиқ мекард; асри 18 — ибтидои асри 20 давраи монархияи мутлақ. Мутлақият тадриҷан ба монархияи буржуазӣ майл намуда, то Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 давом намуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …